Фарзандфурӯшӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i79046-Фарзандфурӯшӣ_дар_Афғонистон
Бисёре аз хонаводаҳо дар Афғонистон ба далели гуруснагӣ, хушксолӣ ва афзоиши фақр, маҷбур шудаанд то фарзандонашонро бифурӯшанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 01, 2022 07:27 Asia/Dushanbe
  • Фарзандфурӯшӣ дар Афғонистон

Бисёре аз хонаводаҳо дар Афғонистон ба далели гуруснагӣ, хушксолӣ ва афзоиши фақр, маҷбур шудаанд то фарзандонашонро бифурӯшанд.

Ба гузориши хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс”, иқтисоди заъифи Афғонистон, ки ба далели рӯи кор омадани гуруҳи Толибон дар 15 августи гузашта гирифтори шок шуда, ҳоло ба далели масдӯд шудани дороиҳои ин кишвар дар хориҷу таваққуфи кумакрасонӣ дар остонаи фурӯпошии комил аст ва ин масъала боис шуда то бисёре аз хонавода барои наҷот аз гуруснагӣ, фарзандонашонро бифурӯшанд.

Asuntha Charles, мудири миллии Созмони имдод дар Афғонистон, ки масъули як беморхонаи беҳдошту дармон барои бехонумонҳо наздики вилояти Ҳирот аст, мегӯяд, рӯз ба рӯз авзоъ бадтар мешавад ва кӯдакон беш аз соирин дар ранҷу таҳдид ҳастанд.

Вай гуфт, хонаводаҳо ҳозиранд фарзандони худро бифурӯшанд то ғизои соири аъзои хонаводаро фароҳам кунанд.

Charles афзуд, ба далели мушкилот, издивоҷ дар хуррдсолӣ барои духтарон дар ин минтақа густариш дорад ва хонаводаи домод ҳам ҳозир аст барои инки чунин издивоҷҳон басамар биншинад, пул пардохт кунад.