Вокуниши Пекин ба иқдоми Вашингтон дар таъхири парвозҳо
Чин талоши Амрико дар таълиқ(таъхир)и парвозҳои хатҳои ҳавоӣ ба мақсади Чинро нодуруст ва муҷиби ташдиди таниш миёни ду кишвар донист .
Ба гузориши Спутник, Лиу Пенгию сухангӯи сафорати Чин дар Вашингтон бо ғайримантиқӣ хондани иқдоми Амрико дар таълиқи парвозҳои хутути ҳавоии Чин гуфт : Эҷоди ихтилолу маҳдудият дар парвозҳои одии мусофирбарӣ нишонгари идомаи хусумати Амрико бо он кишвар аст.
Пештар давлати Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико эълом карда буд, ки 44 парвоз аз Амрико ба Чинро ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз шуюъи корона ба ҳолати таълиқ даровардааст .
Таълиқи ин парвозҳо ба Чин аз 30 январ оғоз мешавад ва шомили парвозҳое аз ширкатҳои ҳавопаймойӣ « Шёмен » ( Xiamen ), ширкати ҳавопаймойии ҷанӯбии Чин ва Эйр Чин мешавад .
Давлати Чин пештар чандин парвози Амрико ба мақсади Чинро ба далели афзоиши теъдоди мусофироне, ки озмоиши коронаии онҳо мусбат шуда буд, бекор карда буд .
Сухангӯи сафорати Чин гуфт : Тасмими давлати Чин барои таълиқи бархе парвозҳо ба мақсади Чин ба таври муассир ба ҷилавгирӣ аз густариши фаромарзии вируси корона дар миёни афзоиши қобили тавваҷуҳи теъдоди мавориди мубтало ба ин вирус ба дохили Чин кумак кардааст .
Бештар бихонед :