Ҳушдори Чин ба Трамп
Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико эълом кард, дар садади ба роҳ андохтани ҷанги тиҷорӣ бо Чин аст ва дар ҳамин росто дар назар дорад, андози 45-дарсадӣ барои молҳои содиротии Чин ба Амрико эъмол кунад.
Муттаҳам шудани Чин аз сӯйи Трамп ба бузургтарин дузди таърих беш аз пеш мақомоти давлати Пекинро нигарони ояндаи равобити худ бо Вашингтон кардааст. Ба навиштаи рӯзномаи “Global Times”, Чин ба раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико ҳушдор дод, чунин изҳороту таҳдидҳо як иштибоҳи бузургу хатарнок аст. Зеро агар Трамп ба ҷанги тиҷорӣ миёни Чину Амрико доман бизанад, бахше аз саноати Амрико садамаи ҷиддӣ хоҳад дид ва дар ниҳоят, ин раисҷумҳури ҷадиди Амрико хоҳад буд, ки ба бепарвоию ноогоҳӣ ва ноуҳдабароӣ муттаҳам хоҳад шуд. Вазорати умури хориҷии Чин низ ба Трамп ҳушдор дод, ба ҷой шоху шона кашидан барои Пекин дар фикри роҳандозӣ кардани сиёсатҳое бошад, ки ба нафъи иқтисоду ҳамкории тиҷорӣ байни Чину Амрико бошад.
Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, ҳушдори Чин ба раисҷумҳури мунтахаби Амрико баёнгари нигаронии Пекин аз ояндаи таҳаввулот дар равобити ду кишвар аст. Бахусус он ки Доналд Трамп масъалаи Кореяи Шимолиро аз ҷумлаи муҳимтарин авлавиятҳои кори давлати худ эълом кардааст, ки метавонад ба чолишу таниши миёни Пекину Вашингтон доман бизанад. Дар иртибот ба ҳамкориҳои Вашингтону Пекин дар Амрико дидгоҳҳои мухталифе матраҳ аст. Бархе ба ин назаранд, ки Чин рақиби хатарнок барои Амрико аст, ки агар бо он муқобила нашавад, дар оянда қудрати ин кишварро ба чолиш хоҳад кашид. Бархе низ ба ин эътиқоданд, ҳарчанд Чин рақиби ҷиддии Амрико дар арсаҳои мухталиф аст, аммо бояд ба унвони шарик дар бахши тиҷорӣ бо он бархӯрд кард.
Муҳосираи Чин бо эъзоми нерӯҳои низомӣ наздик ба марзҳои он, имзои қарододҳои амниятию дифоӣ бо кишварҳои ҳавзаи минтақаи ҷанубу шарқи Осиё ва ба самти низомигарӣ кашидани Ҷопон дар канори тавофуқ бо Кореяи Ҷанубӣ барои истиқрори системаи мӯшакии THAAD нишон дод, ки Вашингтон маҳори Чинро бо ҷиддият дунбол мекунад. Аммо дар бахши иқтисодӣ Амрико талош кард, бо тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин, бахусус дар “Гурӯҳи 20” аз ин кишвар барои ҳалли мушкилоти иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳамчунин Амрико истифода кунад. Чин дар Амрико миллиардҳо долларро коғазҳои қиматнок харидорӣ карда, ҳамчунон дар ҳоли сармоягузорӣ дар ин кишвар аст ва давлати Вашингтон низ ба гунае аз он ҳимоят мекунад. Ба ҳамин далел давлати Чин дар мавриди ҳар гуна паёмадҳои эҷоди ҷанги тиҷорӣ миёни ин кишвар ва Амрико аз сӯйи Доналд Трамп ҳушдор додааст. Зеро Чин метавонад бо бозӣ бо коғазҳои қиматнок иқтисоди Амрикоро бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ кунад. Дар ҳар ҳол, изҳороти носанҷидаи раисҷумҳури мунтахаби Амрико на танҳо Чин, балки Иттиҳоди Аврупоро низ нигарон кардааст. Ба ҳамин хотир онҳо бо матраҳ кардани мавзеи тунду қотеъ дар баробари Трамп дар сададанд, раисҷумҳури мунтахаби Амрикоро бифаҳмонанд, ки изҳороту сиёсатҳои ӯ беш аз он ки ба шарикони тиҷории Амрико латма бизанад, тавони ин кишварро дар бахшҳои мухталиф, бахусус иқтисодӣ бо чолиш рӯ ба рӯ хоҳад кард ва беш аз он ки шарикони Амрико осеб бубинанд, Амрико зарар хоҳад дид.