Феврал 01, 2022 14:41 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Мударрис: Даргузашти оятуллоҳ Софӣ талафоти бузург барои ҷаҳони ислом

Шӯрои уламои шиаи Афғонистон даргузашти марҷаъи тақлид ҳазрати оятуллоҳ Софии Гулпойгониро зойеа(талафот)-и бузург барои ҷаҳони ислом донист.

Дафтари ҳазрати оятуллоҳ Солеҳии Мударрис, раиси Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар паёме даргузашти оятуллоҳ Софии Гулпойгониро ба ҳавзаҳои илмия, шогирдону байти мукрами эшон таслият гуфт.

Дар идомаи ин паём омадааст, даргузашти марҷаъи равшанбин ва фақиҳи порсо, оятуллоҳ Софӣ, ки умри шарифу пурбаракати худро сарфи шинохту шиносондани маорифи аҳли албит (а) кард, хисорате аст бисёр бузург, ки танҳо лутфу инояти вижаи ҳазрати ҳақ метавонад онро ҷуброн кунад.

Рӯҳи ин марҷаъи тақлид пас аз даврае беморӣ, шомгоҳи душанбеи 31 январ дар пайи исти қалбӣ ба малакӯти аъло пайваст.

Аз ин марҷаъи тақлид беш аз 80 унвон китоб барҷо монда, ки бархе аз онҳо ҷоизаи китоби соли вилоят ва китоби соли маҳдавиятро ба даст овардаанд, “Мунтахабуласар”, “Авқотулсалавот”, “Баёнулусул ва “Салоси расоили фиқҳия”, аз ҷумлаи осори Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп