Ноябр 17, 2016 16:59 Asia/Dushanbe
  • Радди натоиҷи таҳқиқот дар бораи ҷиноёти низомиёни Амрико дар Афғонистон

Элизабет Трудо, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико натоиҷи таҳқиқоти додситони Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ дар бораи ҷиноёти низомиёни ин кишвар дар ҷанги Афғонистонро рад кард.

Ба гузориши “Рейтерс”, вай бо нодуруст хондани таҳқиқоти Девони кайфарии байналмилалӣ дар бораи ҷиноёти низомиёни амрикоӣ дар ҷанги Афғонистон гуфт, Амрико бахше аз паймони Рум нест, ки Додгоҳи кайфарии байналмилалиро дар Лоҳа (Гаага) эҷод кардааст, бинобарин ин кишвар ба аҳкому дастуроти ин ниҳод эътиное надорад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико афзуд, Вашингтон системаи қавии қазоӣ дорад, ки метавонад шикоёти марбут ба низомиёни ин кишварро баррасӣ кунад.

Вай муддаӣ шуд, Амрико ба тааҳҳудоти худ дар қиболи қавонини ҷангӣ пойбанд аст, аммо таҳқиқоти анҷомшуда тавассути Додгоҳи кайфарии байналмилалиро ба далели ин ки низомиёни амрикоӣ дар ҷанги Афғонистон муртакиби ҷурмҳои ҷангӣ нашудаанд, қабул надорад.

Изҳороти сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико як рӯз пас аз он матраҳ шуд, ки Фатоу Бенсудо, додситони Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ дар гузорише эълом кард, мадорике ёфтааст, ки нишон медиҳанд, эҳтимолан низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон муртакиби ҷароими ҷангӣ шудаанд.

Фатоу гуфт, бар асоси ин аснод ва мадорики мавҷуд ин бовар вуҷуд дорад, ки нерӯҳои амрикоӣ зиндониёнро дар Афғонистон ва дар боздоштгоҳҳои Созмони иттилооти марказии Амрико(СИА ) дар нуқоти дигари ҷаҳон дар тӯли солҳои 2003 ва 2004 мавриди шиканҷа қарор додаанд.

Дар гузорише, ки додситонии Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ дар Лоҳа мунташир кард, омадааст, ки низомиёну маъмурони иттилоотии Амрико дар ҷараёни ҷанги Афғонистон барои касби иттилоот аз бархе аз боздоштшудагон, мубодират ба шиканҷаи онон карданд, ки мисдоқи иртикоби ҷароими ҷангӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, дастикам дар мавриди 61 тан аз боздоштшудагон мадорике ҳокӣ аз эҳтимоли корбурди шиканҷа, рафтори хушунатомезу осеб ба шахсияти онон дар дохили хоки Афғонистон вуҷуд дорад.

Додситони Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ дар гузориши худ ҳамчунин гуфтааст, ки ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки байни декабри соли 2002 ва марти соли 2008 авомили СИА дастикам 27 нафарро ҳангоми боздошт дар Афғонистон, Полша, Руминия ва Литва дар маърази шиканҷа, рафтори хашин, таҷовузи ҷинсӣ ва рафтори тавҳиномез алайҳи шахсияти онон қарор дода бошанд. Ин афрод ба занни иртибот бо созмонҳои ифротӣ ва дахолат дар иқдомоти террористӣ дастгир ва ба ин боздоштгоҳҳо интиқол ёфтанд.

Ҷанги Амрико дар Афғонистон, ки аз соли 2001 ва ба баҳонаи дахолати бархе гурӯҳҳои афғон дар ҳодисаи ёздаҳуми сентябр ва муқобила бо терроризм оғоз шуд, дар беш аз 15 соли гузашта бо ҷароими мухталифи ҷангӣ ҳамроҳ будааст. Таҳқиқоти васее дар бораи ҷароими ҷангии Амрико дар Афғонистон метавонад абъоди ҷиноёти ҳавлноки низомиёни хориҷӣ, ба вижа нерӯҳои амрикоиро беш аз пеш барои афкори умумии ҷаҳон мушаххас кунад.

Дафтари Фатоу Бенсудо,  додситони Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ эълом карда, додгоҳ ба зудӣ дар бораи анҷоми таҳқиқоти комил тасмимгирӣ хоҳад кард.

Комил шудани натоиҷи таҳқиқот мумкин аст боиси судури раъйи маҳкумият алайҳи афрод ва судури ҳукми боздошт барои онҳо шавад.

Додгоҳи кайфарии (ҷиноӣ) байналмилалӣ дар соли 2002 кори худро бар асоси паймони Рум оғоз кард. Ин додгоҳ нахустин ниҳоди қазоии байналмилалӣ барои расидагӣ ба ҷиноят алайҳи башарият, наслкушӣ ва ҷароими ҷангӣ аст. Беш аз 120 кишвар мисоқи Румро пазируфтаанд ва дар сурати эроди иттиҳом алайҳи шаҳрвандони худ ё муттаҳамоне, ки вориди ҳавзаи ҳокимияти онҳо мешаванд, мулзам ҳастанд ононро дастгир ва барои пайгард ба додгоҳ таҳвил диҳанд ё дар додгоҳҳои дохилӣ ба ҷароими онон расидагӣ кунанд.