Феврал 08, 2022 13:54 Asia/Dushanbe
  • Маҳмӯлаи ғайриоддӣ дар роҳи Амрико, афғонҳо туҳфаро пас доданд

Маҳмулаи 20 тонӣ пас аз гузар аз Халиҷи Форс, Уқёнуси Ҳинд ва Уқёнуси Атлас ба Амрико хоҳад расид.

Азиз Ҳазора, ҳунарманди фаъоли афғон дар заминаи ҳунари ҷанг, беш аз 20 тон зуболаи низомиёни амрикоӣ, ки дар пойгоҳи Багром барҷо гузошта буданд, роҳии Амрико кард.

Ин маҳмӯла, ки ба Карочӣ фиристода шудааст аз Халиҷи Форс, Уқёнуси Ҳинд ва Уқёнуси Атлас убӯр мекунад ва саранҷом ба Амрико боз мегардад.

Азиз Ҳазора дар ин бора гуфт, сафари тӯлонимуддати туҳфа ба амрикоиҳо шояд як сол тул бикашад, чун дақиқан ҳамон масиреро тай мекунад, ки вай бо унвони занҷираи таъмини ҷанги ҷаҳонӣ алайҳи терроризм аз он ёд мекунад.

Масире дар имтидоди бандарҳо ва шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон, ки низомиёну таслеҳоти амрикоӣ дар тӯли ҷанг барои расидан ба Афғонистон аз он ҷо убӯр карданд.

Ҳунарманди афғонистонӣ, ки кори худро туҳфае барои Амрико номидааст, мегӯяд, ин тӯҳфа саранҷом ба Амрико ва соҳибонаш хоҳад расид.

Азизи Ҳазора барои инки ин партавҳо битавонад вориди Амрико шавад онҳоро дар зарфҳои махсӯс ва бо унвони асари ҳунарӣ ба намоишгоҳи Карнеги 2022 Амрико ирсол кардааст.

Намоишгоҳи ҳунарии Карнеги дар моҳи сентябр дар иёлати Пенсилванияи Амрико баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп