Феврал 14, 2022 14:04 Asia/Dushanbe
  • Арманистон бо тарҳи мавзуъи наслкушии фарҳангӣ тавасути Ҷумҳурии Озарбойҷон талош мекунад таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кунад
    Арманистон бо тарҳи мавзуъи наслкушии фарҳангӣ тавасути Ҷумҳурии Озарбойҷон талош мекунад таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кунад

Тарҳи иттиҳомҳои мутақобил дар ростои танишҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ба як авлавият дар сиёсати хориҷӣ аз ҳар кишвар табдил шудааст.

Дар рӯзҳои ахир, мақомоти давлати Ереван бо тарҳи иттиҳомҳое назири нақзи муқаррароти оташбас, тирандозӣ ба амокин ва марказҳои ғайринизомӣ, ишғоли заминҳои Арманистон ва иттиҳомҳои мушобеҳ талош карданд давлати Илҳом Алиевро ба чолиш бикашанд.

Дар ҳамин росто мақомоти давлати Арманистон бо тарҳи мавзуи наслкушии фарҳангӣ тавасути давлати ҷумҳурии Озарбойҷон, талош мекунанд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кунанд.

Аз соли гузашта бо тарҳи мавзуот дар ростои вайрон кардани маконҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, мавзуи наслкушии фарҳангӣ тавасути ҷумҳурии Озарбойҷонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ арза кардааст. Ба унвони мисол Вазорати умури хориҷаи Арманистон ҳафтаи гузашта талошҳои ахири давлати Бокуро ба чолиш кашидани ошкори раъйи девони байналмиллалии додгустарии Созмони Милал дониста буд. Дастгоҳи дипломатии Арманистон ҳамчунин эълом кард: Девони байналмиллалии додгустарӣ, ки як ниҳоди вобаста ба Созмони Милал аст, дар рӯзи 7 декабри соли 2021 мелодӣ давлати ҷумҳурии Озарбойҷонро ба мурооти маконҳои фарҳангии Арманистон дар Қарабоғ мулзам сохта буд.

Дар ҳамин иртибот, дастгоҳи дипломатии Арманистон ҳамчунин таъкид кардааст: Сиёсати тахриб ва таҳрифи ҳувияти мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии арманиён бо баёнияҳои давлати ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавридҳои дастёбӣ ба сулҳи мутаноқиз будааст ва мавонеи ҷиддӣ дар баробари истиқрори сулҳи доим дар минтақа эҷод мекунад.

Дар ҳамин иртибот Тур-Вертонс Обраҳомиён, усқуфи Қарабоғ ва коршиноси умури фарҳангӣ гуфта буд: Онҳо намехоҳанд ҳеҷ асари масеҳият дар Қарабоғ вуҷуд дошта бошад. Ин маконҳо дар воқеъ гувоҳоне ҳастанд, ки тавасути мақомоти Боку пок мешаванд, моҳияти нажоди кӯчнишин ҳамин аст, ки мақомоти озарӣ анҷом медиҳанд, ин бетафовутии мо ҳаст, ки осибпазир шудаем.

Расонаҳои Арманистон низ дар ҳамин росто эълом карданд, табиист, ки наслкушии фарҳангӣ зидди мероси фарҳангии аромана дар ҳоли вуқуъ аст, аммо ба далели бетафовутиҳо ва бетаваҷҷуҳиҳои давлати Никол Пашинян, имрӯз аз тариқи корбарони шабакаҳои иҷтимоии ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавриди вайрон ва аз байн бурдани калисоҳои худ хабардор мешавем.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, тарҳи иттиҳомҳое мабнӣ бар наслкушии фарҳангмм осори таърихӣ, бостонӣ ва фарҳангм арманиҳо дар Қарабоғ ва дигар шаҳристонҳои тозаозодшудаи Озарбойҷон ахиран оғоз шудааст ва ҳамчунин дар дастури кори мақомоти давлаи Ереван қарор дорад.

Дар ҳамин замина давлати Арманистон бори дигар ҷумҳурии Озарбойҷонро ба наслкушии фарҳангии осори аромана мутаҳам кардааст. Бо тарҳи ин иттиҳом дар ҳақиқат метавон гуфт, таниш дар заминаҳои фарҳангӣ низ бар равобит ва дастури кори музокироти сулҳ миёни Ераван ва Боку афзуда шудааст.

Арманистон борҳо ҳамсояи худро ба талош барои аз байн бурдани осори фарҳангӣ ва таърихии аромана дар манотиқи таҳти контроли давлати марказии Боку дар Қарабоғ мутаҳам кардааст. Ин манотиқ дар поёни ҷанги соли 2020 мелодӣ ба ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор шудааст. Дар рӯзҳои ахир эътирозоти мақомоти давлати Арманистон ва расонаҳои ин кишвар ва дар ниҳоят Одри Озулой, дабири кулли Созмони омӯзишӣ, имлӣ ва фарҳангии миллали муттаҳид (Юнеско)-ро ба тасвиби маъмурияти як ҳайати ҳақиқатёб ногузир кард.

Ин созмон бо ҳадафи муҳофизат аз мероси фарҳангӣ ва мазҳабии Арманистон аз хатари нобудии қарибулвуқуъ дар заминҳои таҳти контроли давлати ҷумҳурии Озарбойҷон ба ташкили маъмурияти фаврии ҳайати ҳақиқатёб тасмим гирифтааст. Дар ин замина мақомоти давлати Илҳом Алиев то кунун мавзеъгирӣ накарданд, аммо тардид нест, ки талоши мақомоти Арманистон ва расонаҳои ин кишвар ба манзури кашондани пойи ҷомеаи байналмиллалӣ ба муноқишаи Қарабоғ  натиҷаи мавриди назари мақомоти давлати Ераванро муҳақақ кардааст.

Дар ҳақиқат бояд ба ин воқеият эътироф кард, ки бо тӯл кашидани раванди музокироти сулҳи Қарабоғ ва тарҳи иттиҳомҳои мутақобил, раванди музокироти сулҳи Қарабоғ бо монеаҳо ва мушкилоти ҷадиде мувоҷеҳ хоҳад шуд ва мумкин аст раванди феълии сулҳро ба мухотира бияндозад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп