Раванди афзоишии озори ҷинсӣ дар донишгоҳҳои низомии Амрико
(last modified Sat, 19 Feb 2022 06:11:53 GMT )
Феврал 19, 2022 11:11 Asia/Dushanbe
  • Раванди афзоишии озори ҷинсӣ дар донишгоҳҳои низомии Амрико

Мавориди озори ҷинсии гузориш шуда дар донишгоҳҳои низомии Амрико афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши рӯзномаи “Вашингтон Пост”, бар асоси додаҳое, ки вазорати дифои Амрико рӯзи панҷшанбе мунташир кард, донишҷӯёни донишгоҳҳои низомии Амрико дар Аннаполис, Вест-Пойнт, Ню-Йорк ва Колорадо-Спрингс, 131 мавриди озори ҷинсиро дар тӯли соли таҳсилии 2020 - 2021 гузориш карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки ин омор ба далели таътилии зӯдҳангоми донишгоҳҳои низомии Амрико дар вокуниш ба ҳамагирии вируси корона, нисбат ба соли таҳсилии қабл аз он, ба мизони 88 маврид афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, мавориди озори ҷинсии гузориш шуда дар донишгоҳҳои низомии Амрико дар соли таҳсилии 2020 - 2021 ҳамчунин дар муқоиса бо солҳои пеш аз ҳамагирии корона низ раванди афзоишӣ доштааст.

Ин гузориш дар шароите мунташир шудааст, ки вазорати дифои Амрико дар мавриди наҳваи расидагӣ ба мавориди озори ҷинсӣ ва ҷароими муртабит, таҳти назорат ва фишори шадид қарор дорад.

Нит Голбрис, як мақоми вазорати дифои Амрико эътироф карда, ки ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ дар донишгоҳҳои низомӣ ҳамчунон як чолиши боқӣ мондааст.