Таҳлил: Идомаи иттиҳомоти мутақобили Боку ва Ереван
Бо вуҷӯди он ки мақомҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон машғули ройзанӣ бо ҳадафи поён додан ба ихтилофҳои арзӣ ва марзӣ ҳастанд, тарҳи иттиҳомҳои мутақобил, ҳамчунон бар раванди музокироти сулҳ соя афкандааст.
Дар воқеъ тардиде нест,ки тарҳи иттиҳомоти мақомҳои Боку ва Ерван нахуст ба далели беэътимодии мутақобили мақомҳои ду кишвари ҳамсоя аст. Дар воқеъ бояд гуфт, сарони Боку ва Ерван бо вуҷӯди музокироти созанда бо миёнҷигарии Маскав ва ҳамчунин дидорҳои мустақим ҳамчунон дар шароити буҳрон ба музокироти сулҳ идома медиҳанд.
Дар ҳамин иртибот, Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо мутаҳам кардани якдигар мудаъеи шилики тарафи муқобил ба мавозеъи марзӣ ва рустоҳои ҳамсояи нуқоти марзӣ шудаанд. дар воқеъ алирағми имзои тавофуқномаи сулҳ, тарафайн ҳамчунон якдигарро ба нақси ин тавофуқнома мутаҳам мекунанд.
дар ҳамин замина , хабаргузории "Ниюз Орминиё" ба нақл аз Вазорати дифоъи Арманистон аз тирандозии нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ба минтақа Мартун дар Қарабоғ ва манозили ин русто хабар додааст. Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати дифоъи ҷумҳурии Озарбойҷон низ бо мутаҳам кардани Арманистон , мудаъеи тирандозиии нерӯҳои ин кишвар ба мавозеъи худ шудааст.
Дар пайи тарҳи ин идаъоҳо Вазорати дифоъи Арманистон бо нодурӯст хондани итилоъоти Боку дар мавриди оташи нерӯҳои Арманистон ба самти посгоҳҳои ҷумҳурии Озарбойҷон дар нуқоти марзӣ, ин иқдомро маҳкум кард. Ба ҳар ҳол дар шароити феълӣ ба назар мерасад,ки тарафайн мутахосим аз беэътимодии мутақобил ранҷ мебаранд. Тардиде нест ,ки бархе мудохилоти хориҷӣ низ ба ташдиди беэътимодиҳои мутақобил кумак мекунанд.
Ба ҳар ҳол Вартонес Оброҳомиён усқуфи Арманистон, таҳдидоти мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон алайҳи Оройк Ҳорутуниён раисҷумҳури минтақаи худхондаи Қарабоғро маҳкум кард ва гуфт: "Бар мо пушида нест,ки мақомҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ба таври муназзам ва барномарези шуда ба сиёсатӣ мухариб ва муъзиёнаи худ алайҳи Арманистон ва арманиҳои Қарабоғ идома медиҳад".
Дар ҳамин замина ҷумҳурии Озарбойҷон ахиран бо ҳузур дар минтақаи "Оғдом" дар Қарабоғ Кӯҳистонӣ эълом карда буд: Ба қимати ҷони шуҳадои ҷумҳурии Озарбойҷон хун додаем ва ин ки " Қарабоғ" мутаъалиқ ба ҷумҳурии Озарбойҷон аст".
Ошкор шудани ин ихтилофҳо дар шароите аст,ки пеш аз ин раиси ҷумҳурии Озарбойҷон имтиёзоти вижае барои арманиҳои сокин дар Қарабоғ қоил шуда буд.
Дар ин замина Қубод Ибод Уғлу коршиноси иқтисодӣ ва раиси ҷунбиши "Демократи ва рифоҳии" ҷумҳурии Озарбойҷон дар саҳифаи фейсбуки худ навишта буд: Дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ ҳаққи увлод афзоиш ёфта ва ҳазинаҳои хадамоти шаҳри ва умумӣ лағв ва ройгон шудааст. Дар ҳоле,ки шаҳвандони ҷумҳурии Озарбойҷон барои ба даст овардани маош аз кишвар овора шуда ва дур аз хонавода ва фарзандони худ ва дар сармои Сибири Русия пул дар меоваранд. Аммо дар Боку дар рӯз мегуянд, коре накунед, ки русҳо биранҷанд, вагарна моро аз инҷо берун мекунанд.
Бо вуҷӯди ин ихтилофҳо ва мавозеъ тунд ва шадиди мутақобил, коршиносон далели аслии беэътимодии мақомҳо ҷумҳурии Озарбоёҷон ва Арманистонро ба иллати нақши давлатҳои хориҷӣ ва душманони мардуми Қафқоз мустақил қаламдод мекунанд. Давлатҳои бегонае монанди режими нажодпарасти Исроил ва ҳамчунин давлати Туркия токунӯн дар амал нишон додаанд,ки сирфан талош мекунанд бо истифода аз мавқеъияти ҷуғрофиёи ва иқтисодии ҷумҳурии Озарбойҷон,зимни ҳифз ва таъмини манофеъи миллии худ алайҳи давлатҳои солис иқдом кунанд.
Ин дар ҳоле аст,ки аз фаъолиятҳои давлатҳои бегона натанҳо давлат ва мардуми мусалмони ҷумҳурии Озарбойҷон нафъе намебаранд,балки аз ҳамакнӯн қобили пешбини аст,ки дар оянда хисоратҳои зиёдеро мебоист мутаҳамил шаванд.
Бо таваҷҷӯҳ бо ин воқеъиятҳо ва ифшогариҳои расонаҳо ва коршиносони мухолифи давлати Илҳом Алиев чунин ба назар мерасад,ки мақомҳои Боку ,ки дар раванди музокироти сулҳ худро зарар карда мебинанд,бо таҳти фишор қарор додани Арманистон, ҳамчунон дар талош ҳастанд,ки хостаҳои худро дар қиболи тарафи шикастхурда пеш бибаранд.Ба унвони мисол яке аз хостаҳои давлати Боку аз давлати Ервон метавон ба талош давлати Илҳом Алиев ба манзур дар ихтиёр гирфтани бахшҳое аз заминҳои устони ҷанубии Арманистон ишора кард.
Ин бахш аз аҳамияти зиёде бархурдор аст ва метавон дар оянда таъсироти зиёде бар кишварҳои минтақа бар ҷой бигузорад. Албата пас аз эътирозҳои мардуми дар Қазоқистон ,ки ба ҳазфи хонаводаи Нурсултон Назабоев аз ҳокимияти ин кишвар мунҷар шудааст, аз таъсироти ин масир, ки ба "долони Турк" номгузори шуда буд, аз даст рафтааст. Ин долон метавонист Туркияро аз тариқи заминҳои ҷанубӣ ба Арманистон ва Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бирасонад.
Ба ҳар ҳол бо вуҷуди фишорҳои давлати Илҳом Алиев мақомҳои давлати Некул Пошиниён токунӯн бо ин масири иртиботи мувофиқат накардаанд. Ин дар ҳоле аст,ки ба назар мерасад таҳдидҳои Боку бо вуҷӯди он,ки мақтаъи ва мувақати аст,ҳамчунон идома дорад дар ҳамин замина Некул Пошиниён нахуст Вазири Арманистон ахиран дар як нишасти матбуоти бо таъкиди чанд бора бар мавозеъи кишвараш эълом кард: Ервон дар иртибот бо мавзуъоти долони Турк ҳеҷгоҳ бо кишваре музокира накардааст,намекунад ва дар оянда низ музокира нахоҳад кард".
Дар воқеъ таъкиди нахуствазири Арманистон бар ин аст ,ки иҷоза нахоҳад дод як банди дигар ба мафоди тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ ки дар нима шаби нуҳуми ноябри соли 2020 мелодӣ дар Маскав имзо шуд, афзуда шавад. Дар маҷмуъ бояд гуфт, талоши давлати Илҳом Алиев барои дар ихтиёр гирифтани долон аз ҷанубӣ Арманистон дар шароите аст,ки ин кишвар натанҳо ба ин долон дар устони Сиюник ниёзе надорад, балки тавофуқномаи сулҳ Қарабоғ барои ин кишвар фурсатҳои лозим ҷиҳати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва транзети дар минтақаи Қафқоз фароҳам шудааст.
Бештар бихонед :