Зеленский аз Путин дархости музокира кард
(last modified Fri, 25 Feb 2022 15:36:17 GMT )
Феврал 25, 2022 20:36 Asia/Dushanbe
  • Зеленский аз Путин дархости музокира кард

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина дар паёме видеоӣ, ки дар канали телеграмии худ мунташир кард, аз Владимир Путин, ҳамтои руси худ даъват кард то ба гуфтугӯ биншинанд.

Ба гузориши хабаргузории «Спутник», Зеленский рӯзи ҷумъа дар ин паём гуфт: «Мехоҳам як бори дигар аз раиси ҷумҳурии Федератсияи Русия дархост кунам, биёед барои ҷилавгирӣ аз марги мардум пойи мизи музокира биншинем».

Дархост барои музокира як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки Зеленский эълом кард, Киев равобити дипломатии худро бо Маскав қатъ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия таъкид карда, ки дар ҳар лаҳза ва ба маҳзи ин ки артиши Украина силоҳҳои худро замин бигузорад, Маскав омодаи музокира дар бораи Украина аст.

Лавров афзуд: Зеленский музокирот дар мавриди таъмини амниятро рад кард ва иддаои вай дар мавриди омодагӣ барои гуфтугӯ бо Русия дурӯғи маҳз аст.

Раиси ҷумҳурии Украина пеш аз ин низ бомдоди ҷумъа дар изҳороте телевизионӣ гуфт: Мо аз Русия наметарсем, аммо тазминҳои амниятӣ ба кишвари мо чист? Тарафҳо ва кишварҳое, ки ин гуна тазминҳое медиҳанд, куҷо ҳастанд?

Раиси ҷумҳурии Украина бо интиқоди рамзӣ аз кишварҳои ғарбӣ гуфт: Моро дар набард бо Русия танҳо гузоштанд.

Хабари дигар ин ки шабакаи телевизионии саросарии НТВ –и Русия рӯзи ҷумъа эълом кард, Зеленский Киевро тарк кардааст ва ҳамакнун дар як паноҳгоҳи зеризаминӣ дар минтақае хориҷ аз пойтахт басар мебарад.

Дар дуюмин рӯз аз даргириҳо дар Украина бомдоди имрӯз садои чанд инфиҷор дар пойтахти ин кишвар шунида шуд ва аз пайи он занги хатар ба садо даромад. Артиши Украина мегӯяд, дар наздикии шимоли Киев дар ҳоли муқобила бо неруҳои Русия аст, ки қасди вуруд ба ин шаҳрро доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки хабарҳои зиддунақиз аз суқути Киев, пойтахти Украина ҳикоят дорад.