Интиқоли атбои тоҷик аз Украина
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард,ки аз оғози таҷовузи Русия ба Украина 823 тоҷик ба Лаҳистон ва 121 нафар ба Молдавия рафтанд.
Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, ҳамчунин се табаи Тоҷикистон ки узви комисиюни назорати Созмони амният ва ҳамкори Аврупо бар увзои манотиқи шарқии Украина буданд ба шаҳр ва рустоҳои Русия мунтақил шуданд.
Бар асоси ин гузориш ба 4 ҳазор тоҷик, ки дар Украина ба сар мебурданд, осебе нарасидааст ва мақомоти Вазорати хориҷа ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Лаҳистон, Молдавия ва Румонӣ дар ҳоли кумак ба хуруҷи ин афрод аз Украина ҳастанд.
Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Украина низ барои баррасии вазъи атбои ин кишвар, ки аз Украина хориҷ мешаванд ба шаҳрҳои ҳаммарзи ин ҷумҳури бо Лаҳистон, Молдавия ва Румонӣ рафтаанд.
Бештар бихонед: