Ноябр 22, 2016 14:37 Asia/Dushanbe
  • Рафтори ҳавлноки масъулони Нигерия бо шайх Закзоки

Бародари шайх Закзоки, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия гуфт, масъулони ин кишвар аз дармони бародараш ҷилавгирӣ кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз шабакаи “Пресс ТВ”, шайх Модомоси Яъқуб, бародари шайх Иброҳим Закзоки, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия ба хабарнигори ин шабака гуфт: “Шайх Закзоки бояд барои дармон аз боздошт хориҷ ва ба бемористон мунтақил шавад, аммо масъулони Нигерия ӯро аз дармон маҳрум кардаанд ва ба назари ман мехоҳанд бародарамро бикушанд”.

Бародари раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия гуфт, муъҷиза ва лутфи Худост, ки Иброҳимро зинда нигаҳ доштааст.

Шайх Яъқуб ҳамлаи соли гузаштаи артиш ба шайх Закзоки ва пайравонашро амдӣ донист ва гуфт, иллати мухолифати давлат ва артиш бо ӯ, афзоиши маҳбубияти ӯ дар миёни мардуми Нигерия аст.

Аз декабри соли 20015, ки артиш садҳо нафар аз пайравони Ҷунбиши исломии Нигерияро ба хоку хун кашид, давлати Нигерия саркӯби тарафдорони Закзокиро шиддат бахшидааст.  

Дар ҳамлаи соли гузаштаи артиши Нигерия ба шайх Закзоки, ӯ чашми чапи худро аз даст дод ва дигар аъзои баданаш низ маҷрӯҳ шудааст.