Тасвиби лоиҳаи лағви равобити одии тиҷорӣ бо Русия ва Беларус аз сӯи Маҷлиси намояндагони Амрико
(last modified 2022-03-18T14:49:32+00:00 )
Март 18, 2022 19:49 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби лоиҳаи лағви равобити одии тиҷорӣ бо Русия ва Беларус аз сӯи Маҷлиси намояндагони Амрико

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ лоиҳаеро тасвиб кард, ки бар асоси он равобити одии тиҷории Амрико бо Русия ва Беларус лағв мешавад.

Ба гузориши ИРНА, ин ҷадидтарин иқдоми қонунгузорони амрикоӣ барои ташдиди фишорҳои иқтисодӣ ба Расия ба далели ҷанг дар Украина аст.

Ин лоиҳа бо 424 раъйи мувофиқ ва 8 раъйи мухолиф ба тасвиб расид.

Ин лоиҳа акнун ба Сенат меравад ва интизор меравад ҳафтаи оянда дар он ҷо мавриди баррасӣ қарор гирад.

Даргириҳо дар Украина ҳамчунон идома дорад ва вориди бистусеюмин рӯзи худ шудааст.

Сели вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ин рӯйдод ҳамчунон идома дорад ва фишорҳои дипломатӣ ва таҳдидҳову таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Русия дар ҳоли афзоиш аст.

 

Барчасп