Ифшогариҳои Имронхон зидди Амрико пас аз барканори аз нахуствазирӣ
Апрел 04, 2022 20:37 Asia/Dushanbe
Нахуствазири барканоршудаи Покистон паҳлуҳои ҷадиде аз нақши дипломати амрикоӣ дар барканории худро фош кард.
Имронхон-нахуствазири Покистон имрӯз аз симати худ барканор шуд.
- Вай қаблан гуфта буд, мақомоти амрикоӣ ба вай ба далели мавозеъаш дар қиболи Русия ва ҷанги Украина ҳушдор доданд ва ҳатто ба барканорӣ аз қудрат таҳдид карданд.
- Имронхон каме баъд аз интишори ҳукми барканории худ ба нақшаи як мақоми амрикоӣ ба номи Доналд Лу дар ин моҷаро ишора кард.
- Аммо нахуствазири барканоршудаи Покистон каме баъд таъкид кард, ки мақоми амрикоӣ бо ирсоли нома вайро таҳдид карда аст.
Ба гуфзориши Шафақно, ба гуфтаи Имронхон ин номаи таҳдидомез тавассути Донал Лу-муъовини вазири хориҷаи Амрико дар умури марбут ба Осиёи Ҷануби ва Марказӣ ирсол шуда аст.
Имронхон Вашингтонро ба ҳимоят аз ҷараёне мутаҳам кард, ки қасди барандозии вайро дорад.
- Пештар Вазорати хориҷаи Покистон кордори сафорати Амрикоро эҳзор кард то маротиби норизоятии Иломободро аз мудохилаи Вашенгтон иблоғ кунад.
- Амрико иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи Имронхонро инкор мекунад.
Парлумони Покистон қарор буд имрӯз дар мавриди салоҳият ё адами салоҳияти Имронхон дар ҷойгоҳи нахуствазирӣ эъломи назар кунад, аммо давлати ин кишвар пеш аз ташкили ҷаласа ва райгирӣ дар Парлумон, Имронхонро барканор кард.