Апрел 04, 2022 20:37 Asia/Dushanbe
  • Ифшогариҳои Имронхон зидди Амрико пас аз барканори аз нахуствазирӣ
    Ифшогариҳои Имронхон зидди Амрико пас аз барканори аз нахуствазирӣ

Нахуствазири барканоршудаи Покистон паҳлуҳои ҷадиде аз нақши дипломати амрикоӣ дар барканории худро фош кард.

Имронхон-нахуствазири Покистон имрӯз аз симати худ барканор шуд.

  • Вай қаблан гуфта буд, мақомоти амрикоӣ ба вай ба далели мавозеъаш дар қиболи Русия ва ҷанги Украина ҳушдор доданд ва ҳатто ба барканорӣ аз қудрат таҳдид карданд.
  • Имронхон каме баъд аз интишори ҳукми барканории худ ба нақшаи як мақоми амрикоӣ ба номи Доналд Лу дар ин моҷаро ишора кард.
  • Аммо нахуствазири барканоршудаи Покистон каме баъд таъкид кард, ки мақоми амрикоӣ бо ирсоли нома вайро таҳдид карда аст.

Ба гуфзориши Шафақно, ба гуфтаи Имронхон ин номаи таҳдидомез тавассути Донал Лу-муъовини вазири хориҷаи Амрико дар умури марбут ба Осиёи Ҷануби ва Марказӣ ирсол шуда аст.

Имронхон Вашингтонро ба ҳимоят аз ҷараёне мутаҳам кард, ки қасди барандозии вайро дорад.

  • Пештар Вазорати хориҷаи Покистон кордори сафорати Амрикоро эҳзор кард то маротиби норизоятии Иломободро аз мудохилаи Вашенгтон иблоғ кунад.
  • Амрико иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи Имронхонро инкор мекунад.

Парлумони Покистон қарор буд имрӯз дар мавриди салоҳият ё адами салоҳияти Имронхон дар ҷойгоҳи нахуствазирӣ  эъломи назар кунад, аммо давлати ин кишвар пеш аз ташкили ҷаласа ва райгирӣ дар Парлумон, Имронхонро барканор кард.

 

Барчасп