Таваққуфи содироти гази Русия ба Полша ва Булғористон
(last modified Wed, 27 Apr 2022 08:38:42 GMT )
Апрел 27, 2022 13:38 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи содироти гази Русия ба Полша ва Булғористон

Ширкати русии Газпром аз чаҳоршанбе таҳвили газ ба Булғористон ва Полша (Лаҳистон) - ро мутаваққиф хоҳад кард.

Ҳудуди 40 дарсад аз гази табиии масрафӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз Русия ворид мешавад. Ин гази табиӣ барои гармоиши воҳидҳои маскунӣ ва таъмини гази мавриди ниёзи саноат ба унвони чархи муҳаррики иқтисоди кишварҳои аврупоӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ширкати лаҳистонии гази PGNiG дар баёнияе эълом кард: Газпром 26 апрели соли 2022 қасди худро барои таълиқи комили таҳвили газ дар чорчӯби қарордоди Ямал (Yamal) дар рӯзи 27 апрел ба ин ширкат итилоъ додааст.

Вазорати иқтисоди Булғористон низ андаке баъд таъйид кард, Булғоргаз аз Газпром - экспорт иттилоияе дарёфт кард, ки таҳвили газ аз рӯзи 27 аарели 2022 ба ҳолати таълиқ дар хоҳад омад. Ин дар ҳолест, ки Булғористон беш аз 90 дарсади ниёзҳои газии худро ба гази Русия вобаста кардааст.

Баъд аз эъломи таҳримҳо алайҳи Маскав, ба дунболи ҳамлаи Русия ба Украина, Кремл ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳушдор дода буд, агар баҳои газро ба рубл пардохт накунанд, таъмини гази онҳо мутаваққиф хоҳад шуд.

Кишварҳои аврупоӣ рӯзона рақаме муодили 775 миллион евро барои хариди нафту газ ба Русия пардохт мекунанд.