Хомӯш шудани ниме аз нерӯгоҳҳои ҳастаии Фаронса
Фаронса ба унвони яке аз бузургтарин тавлид кунандагони барқи ҳастаӣ дар Аврупо, эълом кард, ниме аз нерӯгоҳҳои ҳастаии ин кишвар аз мадори тавлид хориҷ шуданд.
Ба гузориши Садои Хуросон, дар ҳоле, ки Иттиҳодияи Аврупо даргирӣ яке аз бадтарин бӯҳронҳои худ дар ҳавзаи энергӣ дар таърихи ин қора аст, Фаронса мегӯяд нерӯгоҳҳояш ба хотири нақси фаннӣ ё анҷоми таъмироти давраӣ аз мадор хориҷ шудаанд.
- Дар ҳамин ҳол, нерӯгоҳи ҳастаӣ 1300 меговот дар ҷанубӣ Фаронса ҷумъа аз мадори тавлид хориҷ шудааст.
Тавафуқи фаъолияти нерӯгоҳҳои ҳастаӣ дар Фаронса сабаб шуда то ин кишвар маҷбур шавад барои бӯҳрони камбуди барқи худ аз шабакаи барқи Аврупо бардошт кунад ва ин дар ҳоле аст, ки сохтори тавзеъи нерӯ дар Иттиҳодияи аврупо ба хотири камбуди гази табии мудатҳост бо мушкил дар тавлид мувоҷеҳ шудааст.
Анҷоми таъмироти давраӣ ва анҷоми бозрасӣ дар канори таъвизи сӯхти нерӯгоҳҳо сабаб шуда то тавлиди барқи ҳастаӣ дар Фаронса ба камтарин мизон дар 10 соли гузашта бирасад. Интизор меравад ин раванд сабаби бартар шудани раванди тавзеъи барқ дар Аврупо шавад. Чаро, ки нерӯгоҳҳои ҳастаӣ дусаввуми барқи мавриди ниёзи Фаронсаро таъмин мекунанд.
Қимати барқ дар Фаронса таи соли ҷорӣ ба таври мутавассит 30 дарсад гаронтар аз қимати барқ дар Олмон буда ва нисбат ба соли 2021 ҳудӯди чаҳор баробар шудааст.
Бештар бихонед:
Камарбанди амниятӣ дар атрофи нерӯгоҳҳои ҳастаии Русия
Ҳамкории Русияву Арманистон барои сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ
Русия дар Қирғизистон нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад