Май 14, 2022 14:12 Asia/Dushanbe
  • Путин: Тавлиди гандум дар Русия рекорд хоҳад зад

Оморҳои аввалия ҳокӣ аз он аст, ки Русия имсол бардошти гандуми хубе хоҳад дошт ва рақами он дар таърихи ин кишвар бесобиқа хоҳад буд.

Ба гузориши Russia Today, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо истинод ба оморҳои аввалия эълом кард, ин кишвар фасли бардошти бисёр хубе пеши рӯ, хоҳад дошт ва тавлиди гандум дар Русия рекорд хоҳад зад.

Путин дар суханони худ гуфт, имсол бардошти хуберо интизор дорем ва бино ба гуфтаи коршиносон ва бар асоси тахминҳои аввалия ҳаҷми бардошти ғаллот дар Русия ба 130 миллион тон хоҳад расид, ки 87 миллион тони он гандум хоҳад буд.

Вай таъкид кард, имсол метавонад рекорддори бардошти гандум дар таърихи Русия бошад.

Ба гуфтаи Путин, ин ҳаҷми бардошт на танҳо ба давлати Русия ин имконро медиҳад то бо ҳошияи суди хуби ниёзҳои дохилии ин кишварро таъмин кунад, балки имкони таъмини ниёзи шарикони Русия, аз тариқи афзоиши содирот ба бозори ҷаҳонӣ фароҳам хоҳад шуд.

Путин таъкид кард, теъдоде аз кишварҳо ҳамакнун бо гуруснагӣ ва қаҳтӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ки тамоми масъулияти он мутаваҷҷеҳи кишварҳои ғарбӣ хоҳад буд.

Бештарин бардошти ҳаҷми гандум дар Русия марбут ба соли 2017 ва бо ҳаҷми 86 миллион тон ба сабт расидааст. Русия дар соли 2020, 85,5 миллион тон ва дар соли гузашта ҳам 76 миллион тон гандум тавлид кардааст.

Пешбинӣ мешавад, Русия тайи солҳои оянда ҳамчунон мақоми нахусти тавлиди гандум дар ҷаҳонро дар ихтиёр дошта бошад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп