Ҳушдори мақоми бритониёӣ дар бораи ташдиди фишори иқтисодӣ бар мардум
(last modified Wed, 18 May 2022 09:44:20 GMT )
Май 18, 2022 14:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақоми бритониёӣ дар бораи ташдиди фишори иқтисодӣ бар мардум

Вазири дороии Британия бо ишора ба таварруми бесобиқа ва афзоиши харҷҳои зиндагӣ дар ин кишвар, дар бораи сахттар шудани авзои иқтисодӣ ва фишор бар мардум тайи моҳҳои оянда ҳушдор дод.

Риши Сунак, вазири дороии Британия дар суханоне дар Маҷлиси авом гуфт, тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ ҳушдор додаанд, ки таварруми бесобиқа шадидтарин буҳроне маҳсуб мешавад, ки ҷаҳон бо он мувоҷеҳ аст, бинобар ин мо дар мувоҷиҳа бо ин чолишҳо танҳо нестем.

Сунак афзуд, буҳрони корона занҷираи таъмини маводи ғизоиро мухтал кард ва ҳамлаи Русия ба Украина ҳам боиси ташдиди қимати энержӣ шуд.

Вазири дороии Британия гуфт, ки мушкилоти иқтисодӣ сода нест ва авзоъ дар арзи чанд моҳи дигар душвор хоҳад шуд.