Май 28, 2022 18:05 Asia/Dushanbe
  • Тасаллути Русия бар шаҳри Лиман дар Украина
    Тасаллути Русия бар шаҳри Лиман дар Украина

Вазорати дифоъи Русия аз кантроли комили шаҳри Лиман дар Украина хабад дод.

Ҳамзамон бо дархости пай дар пайи Украин барои пайвастан ба НАТО ва дарёфти кумакҳои чандин миллион долларии ин кишвар аз ғарбиҳо ва дар пайи таҳарукоти ахири ғарб дар наздикии марзҳои Русия ҳамчунин дар посух  ба дархости кумаки низомии сарони минтақаҳои Данетск ва Луганск дар шарқи Украина, Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия 24 феврал дастури ҳамла ба ин кишварро содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Райтерз, Вазорати дифоъи Русия рузи шанбе эълом кард, шаҳри Лиман дар Украина ба кантроли комили нерӯҳои Русия ва неруҳои мавриди ҳимояти Русия дар шарқи Украина даромада аст.

Ин иддао як рӯз баъд аз он матраҳ мешавад, ки ҷудоиталабони ҳомии Русия дар ҷумҳурии худхондаи Донетс гуфтанд ин шаҳҳро аз маркази хатҳои роҳи оҳан дар ғарби Данетс аст комилан тасаруф карданд.

Давлати Украина рӯзи ҷумъа эълом кард, Русия бештари бахшҳои шаҳри Лиманро тасаруф кард, аммо нерӯҳои ин кишвар масири пешравӣ неруҳои рус ба тарафи Славянскро масдуд карданд.

Нерӯҳои Украина ва Русия чанд рӯз буд бар сари шаҳри Лиман набард буданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп