Кашфи 10 ҳазор кило маводи тарканда дар Нангарҳори Афғонистон
Ноябр 27, 2016 19:15 Asia/Dushanbe
Вазорати дохилаи Афғонистон аз кашфи 10 ҳазор кило маводи тарканда дар вилояти Нангарҳор хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Вазорати умури дохилаи Афғонистон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои полиси ин кишвар дар марзи Турхам муваффақ ба кашфу забти 10 ҳазор кило маводи мунфаҷира шудаанд.
Дар ин баёния омадааст, ин маводи мунфаҷира дар як комюн ҷобаҷо шуда буд ва ду нафар аз атбои Покистон низ ба иттиҳоми интиқоли ин мавод дастгир шудаанд.
Вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон воқеъ шуда ва бо Покистон ҳаммарз аст.