Июн 06, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Путин тасареҳ кард: Ҳадафи ҳаёҳуйҳо дар бораи кумакҳои таслиҳоти ба Украина, тӯлони кардани ҷанги Украина аст
    Путин тасареҳ кард: Ҳадафи ҳаёҳуйҳо дар бораи кумакҳои таслиҳоти ба Украина, тӯлони кардани ҷанги Украина аст

Владимир Путин дар гуфтугӯ бо канали яки телевизиони давлатиии Русия эълом кард: Агар Амрико мушакҳои бо бӯрди бештар дар ихтиёри Украина қарор диҳад, Русия нуқоти аз ин кишварро ҳадаф қарор медиҳад, ки то кунун ҳадаф қарор надода буд.

Путин тасареҳ кард: Ҳадафи ҳаёҳуйҳо дар бораи кумакҳои таслиҳоти ба Украина, тӯлони кардани ҷанги Украина аст.

Ахиран Владимир Зеленский раиси ҷумҳӯри Украина зимни дархост аз Амрико барои таҷҳизи ин кишвар ба силоҳҳои миёнбурд гуфта буд, ки Киев қасди ҳамла ба хоки Русияро надорад. Вай дар айни ҳол аз Амрико хостааст, сомонаҳои бо имкони ҳамла ба аҳдофи болотар аз 100 километр, дар ихтиёрни ин кишвар қарор диҳад. Ҳушдори Путин дар бораи иқдоми Амрико барои дар ихтиёрн қарор додани сомонаҳои ракети, ки имкони шилики ракетҳо ва мушакҳое, ки метавонанд хоки Русияро ҳадаф қарор диҳанд, ҷадидтарин ва дар айни ҳол ҷиддитарин ҳушдор аст, ки аз ҷониби Маскав дар ин бора содир шуда ва  ба манзалаи авлатимотуми ба давлати ғарбгароӣ Киев аст.

Русия аз ибтидои ҷанги Украина аз ҳадаф қарор додани бисёре аз нуқоти Украина худдорӣ кардааст ва ин дар ҳоле аст, ки Маскав ба роҳати қодир аст бо истифода аз анвоъи мушакҳои балестики ва круз ва низ  бомбафканҳои старатежикии худ ҳамаи манонтиқи Украинаро ба рағми инки ин кишвар васеътарин кишвари аврупоӣ аст мавриди ҳамалоти густарда қарор диҳад. Бо ин ҳол иқдоми давлати Бойден дар ироаи сомонаи ракети " Ҳемарс"  ба Украина дар воқеъ ба манзалаи гушудани фасли ҷадид дар ҷанги Украина имкони ҳадаф қарор додани хоки Русия ба артиши Украина аст.

Сомонаи Ҳемарс бахше аз бастаи ҷадии 700 миллион долларии Амрико барои Украина. Бархе манобеъ дар давлати Бойден, бӯрди муҳимоти системҳои мушакии ироа шуда аз тарафи Вашингтон ба Украинаро 80 километр эълом карда ва мудаъи шудаанд, ки Киев дар амал наметавонад бо ин силоҳҳо умқи хоки Русияро ҳадаф қарор диҳад. Бо ин ҳама сомонаи Ҳемор қодир аст ракетаҳо ва мушакҳои бо бурди 300 километр низ шилик нам ояд, ки ба ин тартиб Вашингтон ҳадди ақал ба сурати назарӣ Украинаро муҷаҳаз ба сомонае кардааст, ки ин  имконро дар оянда барои он фароҳам хоҳад кард. Ин дар ҳоле аст, ки ахиран ҳамалоти Украина  ба манотиқи марзии Русия афзоиш ёфта, ки ҳадди ақал се нафар дар  ин ҳамалот кӯшта  шудаанд ва ин ҳамалот ҳоки аз дастрасии Киев ба бархе силоҳои бурди  мутавсита аст. Ба назар мерасад Амрико дар бурҳаи кунӯни бо ирсоли сомонаҳои ракетии Ҳемор, ки силоҳи дақиқ ва бисёр кӯшанда ва дар айн дороӣ бурди қобили таваҷҷӯҳ аст дар саддад аст то ба Киев кумак кунад то пешравиҳои нерӯҳои Русия ва ҳампаймонони шибҳи низомии онҳоро дар ду устон Дунетский ва Луҳонск мутавақиф кунад.

 

Маскав акнӯн ё тамаркузи амалиёти низомӣ дар ин ду минтақа дар садад аст то ҳама навоҳии ин ду устонро ба тасаруф дароварда ва бо таваҷҷӯҳ ба шиносоии қабли  Дунетский ва Луҳонск  ба унвони дукишвари мустаил заминаи эҷоди минтақаи ҳоил  байни  Русия ва Украинаро ба вуҷӯд оварад. Ба ҳамин далел барои украинаиҳо ин амр аз аҳамияти ҳаёти бархӯрдор аст, ки монеъ аз идомаи пешрпавии нерӯҳои Русия ба вижа дар Луҳонск шуда ва онҳоро ба ақаб биронанд. Амрико аз ибтидои бӯҳрони Украина ҳимояти молли, таслиҳотӣ ва дипламатик аз Киевро сарлавҳаи иқдомоти худ қарор дода ва ироаи 700 миллион доллар кумаки дигар ба ин кишвар, охарин бастаи ҳимояти дар дасти иқдоми Кохи Сафед дар ҳимоят аз давлати Киев аст. Кунгреи Амрико низ ироаи кумаки амниятӣ, иқтисодӣ ва башардустонаи 40 миллиард доллариро ба Украина тасвиб кардааст. Ҳадафи калони Амрико машғул кардани Русия дар ҷанги фарсоиши дар Украина аст, ки мунҷар ба тазъифи ҳарчӣ бештари тавони низомӣ ва  истеҳлоки манобеъи моллии Русия мунҷар шавад. Ба ҳамин далел Ваншингтон ва муттаҳиди аврупоии он яъне Британия то кунун  бештарин мизони кумакҳои таслиҳотиро ба Киев ирсол кардаанд.

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия рӯзи шанбе Ғарб ба раҳбарии Амрико ва Британияро муттаҳам кард, ки Украинаро ба абзоре барои маҳор ва хаста кардани Русия табдил кардааст.

Лавров гуфт: Ғарб, Украинаро аз идомаи музокира бо Русия, ки ду моҳ пеш пешниҳодоти Украинаро  ба унвони мабное барои тадвини  қатънома пазирӯфта буд, манъ мекунад. Кишварҳои ғарбӣ, Украинаро водор кардаанд то мавозеъи худро дар баробари Русия ташдид кунад.

Бештар бихонед: 

Барчасп