Идомаи раванди афзоишии қимати бензин дар Амрико
Миёнгини қимати бензин дар Амрико тайи се ҳафтаи гузашта 39 сент афзоиш ёфт ва ба рақами 5 доллару 10 сент дар ҳар галлон (канистр) расид.
Қимати бензин дар Амрико ҳамчунон раванди афзоишии худро идома медиҳад. Ин дар ҳолест, ки таҳримҳои Ғарб муҷиби эҷоди ихтилол дар тавоноии Русия барои содироти нафти хом шудааст.
Ба гузориши рӯзи якшанбеи шабакаи Би Би Си Нюс, мутавассити қимати бензин дар нуқтаҳои фурӯши бензинҳои Амрико 1. 97 доллар болотар аз як соли қабл аст.
Болотарин миёнгини қимати бензини маъмулӣ бо 6. 55 доллар дар ҳар галлон (тақрибан чаҳор литр) марбут ба минтақаи халиҷи Сан – Франсиско ва камтарин миёнгини қимат дар Луизианна аст, ки бензин бо қимати 4. 43 доллар дар ҳар галлон фурӯхта мешавад.
Бар асоси ин гузориш, миёнгини қимати сӯхти дизелӣ ҳам тайи се ҳафтаи гузашта дар Амрико 20 сент афзоиш ёфта ва ба рақами 5. 86 доллар дар ҳар галлон расидааст.
Вазорати кори Амрико рӯзи ҷумъа эълом кард, ки шохиси қимати масрафкунанда, меъёри ҷомеъ барои қимати колоҳои рӯзмарра, аз ҷумла бензин, маводи ғизоӣ ва иҷора дар моҳи май ба 8. 6 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин болотарин суръати рушди таваррум дар Амрико аз соли 1981 то кунун аст.