Таҳвили маҳмулаи кумакҳои имдодии Ҳилоли Аҳмари Эрон ба Афғонистон
Аъзои корвони ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ба маҳзи вуруд ба Афғонистон, зимни таҳвили кумакҳои имдодӣ бо намояндагони давлати ин кишвар дидор карданд.
Зилзилае бо қудрати 6. 1 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (Риштер) бомдоди чаҳоршанбе ҷануби шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ларзонд.
Ин зилзила дар 44 километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51 километрии замин рух дод.
Бар асоси эъломи мақомҳои расмии Афғонистон, ин заминларза мунҷар ба ҷон бохтани беш аз ҳазор нафар ва низ маҷруҳ шудани 620 нафар шудааст.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ба сарпарастии Паймони Номдор, муовини беҳдошт, дармон ва тавонбахшии ин ҷамъият пас аз вуруд ба Афғонистон маҳмулаи имдодиву башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмарро таҳвили мақомоти ин кишвар доданд.
Ҳамчунин дар дидори аъзои корвон бо Мавлавӣ Шамсиддин Ҳақёр, намояндаи давлати Афғонистон дар умури расидагӣ ба ҳаводиси миллӣ, дар бораи наҳваи ироаи хадамот дар манотиқи зилзилазада ва дар рӯзҳои оянда баҳсу табодули назар шуд.