Июл 02, 2022 12:51 Asia/Dushanbe
  • Поп: Созмони милал дар таваққуфи ҷанги Украина нотавон аст

Раҳбари католикҳои ҷаҳон эълом кард, Созмони милал "ҳеҷ қудрате" барои ҳалу фасли ҷанги Украина надорад.

Ба гузориши ИСНА, Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон бо ишора ба нотавонии Созмони милал дар таваққуфи ҷанги Украина гуфт, ин созмон абзоре барои исботи иқтидори худ надорад, агарчӣ метавонад ба ҷилавгирӣ аз ҷангҳо кумак кунад, аммо наметавонад мӯҷиби таваққуфи онҳо шавад.

Вай гуфт, қавонини Созмони милал ба содагӣ ин қудратро ба он намедиҳад.

Поп Франсис гуфта буд, ки "иродае барои сулҳ вуҷӯд надорад".

Поп Франсис моҳи май дар гуфтугӯ бо маҷаллаи "Ла Стампа" ҳам эҷоди ҳаргуна қутббандӣ миёни хубу бад дар ҷанги Украинаро рад кардааст ва гуфт, ҳақиқат ин аст, ки вазъияти ҷанг чизе фаротар ва хатарнок тараст ва хуб ё бад вуҷӯд надорад; ҳама даргир ҳастанд ва ин чизе аст, ки мо бояд ёд бигирем."

Бештар бихонед:

 

Барчасп