Декабр 01, 2016 19:28 Asia/Dushanbe

Маросими таҷлили хидматҳои арзишманди Меҳрнур Муҳаммадхон, устоди забони форсӣ дар Покистон баргузор шуд.

Дар ин маросим сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Исломобод, раиси Маркази таҳқиқоти забони форсии Эрону Покистон ва ройзанони фарҳангии сафоратҳои Тоҷикистону Афғонстон дар Покистон ҳузур доштанд.

Меҳрнур Муҳаммадхон, ки забони форсиро дар даҳаи 70-и милодӣ дар Донишгоҳи Файсалобод иёлати Панҷоб омӯхт ва аз соли 1969 то соли 1974 низ дар Донишгоҳи Теҳрон давраи доктории забони форсиро гузаронд, аз ҳамон солҳои даврони таҳсил дар Покистон дар ҳавзаи ривоҷ додан ва тадриси забони форсӣ дар сатҳҳои мухталиф фаъолият доштааст.