Идомаи талошҳои Боку ва Анкара барои инҳирофи Ереван
(last modified Thu, 11 Aug 2022 08:33:43 GMT )
Август 11, 2022 13:33 Asia/Dushanbe
  • Мақомҳои Боку мудом талош мекунанд то Арманистонро битарсонанд
    Мақомҳои Боку мудом талош мекунанд то Арманистонро битарсонанд

Ҷайҳун Байрамов, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон бо ишора ба мушкилоте, ки дар бораи эҷоди роҳи иртиботӣ бо Арманистон вуҷуд дорад, гуфт: бо Ҷумҳурии исломии Эрон як тавофуқнома ба имзо расонадем, ки аз рӯди Арас нахустин пули муштарак сохтаву масири ҷойгузин ба Нахҷавон хоҳад шуд.

Раиси дастгоҳи дипломатии ҷумҳурии Озарбойҷон, ки барои ҳузур дар сенздаҳумин иҷлоси солонаи сафирони Туркия ба Анкара даъват шуд, дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар хусуси роҳи иртиботии ҷумҳурии худмухтори Нахҷавон ба хоки аслии ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, дар тавофуқи сеҷонибаи моҳи ноябри соли 2020 мелодӣ бар бозкушоии роҳ миёни ду тараф таъкид шудаву Арманистон бояд бидуни ҳеҷ монеае иҷозаи ин масирро бидиҳад.

Изҳороти аҷибу таҳрикомези вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар шароите аст, ки Эрон дар тӯли наздик ба се даҳа ва дар тамоми даврони ҷанги Қарабоғ ҳамвора як масири иртиботӣ ба манзури барқарории иртиботи давлати марказии Бокӯ бо Нахҷавон дар ихтиёри ин кишвар қарор дода буд.

Пештар мақомҳои Боку ҳар аз гоҳе дар дидор бо мақомҳои Теҳрон зимни ташаккур аз мусоидати Эрон барои ҳифзу нигаҳдории ин ҷумҳурии худмухтор қадрдонӣ мекарданд. Аммо ба назар мерасад ин рӯзҳо дар масири инҳирофе гом бармедоранд.

Пас аз поёни ҷанги ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари моликияти минтақаи Қарабоғ, мақомҳои Теҳрон на танҳо роҳи иртиботии Боку бо Нахҷавонро набастанд, балки ин масири иртиботиро ҳамчунон барои мақомҳои Боку ва мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон боз гузоштанд.

Аммо пас аз мухолифатҳои пайдарпайи мақомҳои Арманистон бо каридори мавсум ба Зангзӯр, мақомҳои Боку як соли пеш исрор карданд, ки бояд ёддошти тафоҳуми ҷадиде барои масири иртиботӣ миёни Боку ва Нахҷавон имзо кунем, ба ночор Эрон дар бораи масире, ки наздик ба се даҳа ба сурати тақрибан маҷҷонӣ дар ихтиёри давлату мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон қарор дода буд, санаде имзо шудааст.

Ин санад, ки дар қолаби ёддошти тафоҳум имзо шудааст, на танҳо ба марҳалаи тавофуқнома ва қарордод нарасидааст, балки ҳамчунон як санад дар чорчӯби ёддошти тафоҳуми дуҷониба аст.

Табиист, ки ин санад то замоне, ки ба марҳалаи тавофуқнома нарасад, изҳори назари қатъӣ дар бораи он сирфан як фиребкорӣ маҳсуб мешавад.

Дар заминаи вазъияти иҷрои тавофуқномаи даҳмоддаии сеҷонибаи ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бо миёнҷигарии Русия, ки дар нимашаби нуҳуми моҳи ноябри соли 2020 мелодӣ имзо шудаву вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи он изҳори назар кардааст, Димон Марокиён, сафири Арманистон дар маъмуриятҳои вижа ва соҳибназари арманӣ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии байналмилалии RTVI дар тавзеҳи вазъияти атрофи Қарабоғи кӯҳӣ ва соири мавзуоти муртабит бо сиёсати хориҷии Арманистон пардохт.

Ин соҳибназар ва коршиноси арманӣ ахбори марбут ба роҳиҳалҳое бо мантиқи каридореро, ки тавассути ҷумҳурии Озарбойҷон мудом такрор мешавад, сирфан гумоназанӣ хонду хотирнишон кард: "Чунин мавзуоте на танҳо матраҳ нест, балки танҳо дар мавриди бозкушоии оддии роҳҳо бар асоси қавонини ҳар кишвар ва асли ҳифзи сарзаминиву ҳаққи ҳокимият дар дастури кори ду тараф қарор дорад».

Бар асоси тавофуқномаи сеҷонибаи сарони ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистону Русия, масирҳои иртиботӣ барои иттисоли ҷумҳурии Озарбойҷон ба Нахҷавон аз тариқи роҳи оҳану хутути ҷодаӣ мавҷуд аст ва ба назар мерасад бо имзои тавофуқномаи ниҳоии сулҳи Қарабоғ дар ихтиёри ҷумҳурии Озарбойҷон қарор хоҳад гирифт.

Дар иртибот бо дархости ҷумҳурии Озарбойҷон як воқеияти дигар низ вуҷуд дорад. Арманистон кишваре маҳсур дар хушкӣ аст ва танҳо масире, ки ин кишварро аз мушкилоти мавҷуд наҷот медиҳад, Эрон аст. Дар воқеъ Эрон масири аслии танаффуси Арманистон бо ҷаҳони хориҷ аст.

Дар ҳақиқат дар сурате, ки ҷумҳурии Озарбойҷон муваффақ шавад аз Арманистон як долон дар тӯли марзҳои Эрон дарёфт кунад, ҳукми марги худро имзо кардааст. Дар ин шароит бисёр баид аст, ки мақомҳои давлати Ереван ба рағми иттихози сиёсатҳои наздикӣ ба Ғарб ва ҳар давлати бегонае  ҳозир шаванд масирҳои танаффуси воқеии ин кишварро дар ихтиёри тараф ё тарафҳои номутмаин қарор диҳанд.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз раванди мавзеъгириҳои таҳдидомези мақомҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, ки сирфан дар расонаҳои вобаста ба давлати Анкара ва мутаоқиби он дар расонаҳои вобаста ба давлати Боку бозтобҳои густардае пайдо мекунад, бояд гуфт, ин изҳори назарҳо то кунун дар гуфтугӯҳои расмии сарони ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон на танҳо матраҳ нашудааст, балки мақомҳои Боку мудом талош доранд то Арманистонро битарсонанд.

Дар ҳоле ки мақомҳои давлати Ереван бо шуҷоат дар муқобили ин хостаи номашруи ҷумҳурии Озарбойҷону Туркия, ки нобудии Арманистонро дар пай хоҳад дошт, истодагӣ кардаанд.

 

Бештар бихонед: