Макрон протоколи узвияти Финландия ва Шветсия дар НАТО-ро имзо кард
Порис дар баёнияе аз имзои протоколҳои узвияти Шветсияву Финландия дар НАТО аз сӯи раиси ҷумҳурии Фаронса бо ҳадафи тақвияти амнияти ин ду кишвар хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пас аз Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико, Эмануэл Макрон-ҳамтои фаронсавии ӯ низ протоколҳои пайвастани Финландия ва Шветсия ба НАТО-ро имзо кард .
Мақомоти фаронсавӣ дар баёния бо эъломи ин хабар гуфт : Ин интихоби мустақил аз сӯи Финландия ва Шветсия- ду шарики аврупоии мо амнияти онҳо дар баробари таҳдиди кунунӣ дар ҳамсоягии онҳоро тақвият хоҳад кард .
Ба навиштаи вебгоҳи РИА Новости порлумони миллии Фаронса низ дар дувум август бо тасвиби мувофиқатномаи пазириши Финландия ва Шветсия дар НАТО бо 209 раъйи мувофиқ ва 46 раъйи мухолиф мувофиқат кард .
Раъйгирӣ дар порлумони Фаронса пас аз тасвиби ин санад дар моҳи июл тавассути Сенати Фаронса анҷом шуд .
Тибқи ин гузориш то кунун 23 кишвар аз 30 узви НАТО дархостҳои Стокголму Хелсинки барои узвият дар ин эътилофи низомиро таъйид карданд .
Баъд аз имзои протоколҳои пайвастани Шветсияву Финландия ин мавзӯ барои тасвиб ба ҳамаи кишварҳои узви НАТО ирсол мешавад то онҳо тибқи қавонини дохилии худ пайвастани Шветсияву Финландия ба НАТО-ро тасвиб кунанд .