Киев: Дигар ба муттаҳидони ғарби эътимод надорем
(last modified Tue, 13 Sep 2022 13:15:20 GMT )
Сентябр 13, 2022 18:15 Asia/Dushanbe
  • Киев: Дигар ба муттаҳидони ғарби эътимод надорем
    Киев: Дигар ба муттаҳидони ғарби эътимод надорем

Вазири дифоъи Украина гуфт, ки кишвараш дар ҷараёни ҷанги бо Русия омухт, ки дигар ба муттаҳидони ғарбии худ эътимод надошта бошад ва ба ваъдаҳои онҳо дил хуш накунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алексей Резкинов дар мусоҳибаи телевизиони изҳор дошт, ки Киев ахиран омухта аст ба ваъдаҳои шарикони ғарбӣ дар пушти саҳна эътимод накунад бин бар ин мақомоти украинӣ барои барқарории сулҳ дар кишвар омодаи имзои як санади чандҷониба бо тазминҳои амнияти маъхсус ҳастанд.

Вай дар идома тавзеҳ дод: Мо чизҳои зиёд ёд гирифтем аз ҷумла ин ки ба талошҳои мухталиф барои кумак ба мо ҷиҳати дастёби ба сулҳ дар Украина эътимод накунем мутаъасифона дар соли 2014 чунин иқдоми тавассути муттаҳидони мо анҷом шуд, аммо абзорҳо ва тавофуқҳое, ки қаблан вуҷуд дошт муфид набуд.

Вазири дифоъи Украина намунаи равшани ин иқдомро "Тафоҳумномае Будапешт" донист, ки Киевро аз рутбаи севвуми дорандаи қудрати амотии низомӣ дар ҷаҳон пойин овард ва барои амнияти ин кишвар зиёнбор буд.