Расвоии ахлоқии фармондеҳ дастаи нерӯҳои ҳавоии Амрико
(last modified Tue, 20 Sep 2022 06:13:05 GMT )
Сентябр 20, 2022 11:13 Asia/Dushanbe
  • Ди Фолку як рӯз пас аз дастигири бо пардохти васиқа озод шудааст
    Ди Фолку як рӯз пас аз дастигири бо пардохти васиқа озод шудааст

Расонаҳои амрикоӣ расвоии ахлоқии як фармондеҳи дастаи нерӯҳои ҳавоии Амрико ва даст дарози ба як кӯдак хабар доданд.

Ба навиштаи вебгоҳи Эр Фурс Таймс як фармондеҳи  скадрони нерӯҳои ҳавоии амрико дар  Наводо дар 8-уми сентябр ба иттҳоми озори ҷинсии як кӯдак дастгир шуд.

Савобиқи додгоҳ нишон медиҳад, ки сарҳанги дуввуми фармондеҳи скандрони пуштибонии амалиётӣ дар пойгоҳи нерӯи ҳавоии  Нелис бо ҳафт маврид иттиҳоми фасоди ахлоқи мувоҷҷеҳ будааст.

Тибқи гузориши полис, қурбонии ин ҳодиса ба таҷовуҳоти ҷинсии  парокандаи сарҳанг эътироф кардааст.

Ди Фолку як рӯз пас аз дастигири бо пардохти васиқа озод шудааст.

Вай дар соли 2020 ва 2021 ба унвони афсари амалиётии намоиши парвози нерӯи ҳавоии Амрико дар пойгоҳи ҳавоӣ хидмат кард.

Ахиран низ  Пентогун эълом кард, ки наздик ба 9000 маврид таҷовузи ҷинсӣ дар соли 2021 дар Вазорати дифоӣ Амрико сабт шудааст.