Баёнияи Европол дар бораи афзоиши фаъолиятҳои террористӣ дар Аврупо
Полиси Аврупо (Европол ) аз омодагии садҳо террорист барои амалиёти террористӣ дар Аврупо хабар дод.
Европол рӯзи сешанбе эълом кард, террористҳо дар Ироқ ва Сурия барои гурӯҳи террористии ДИИШ ҷангида ва ба Аврупо бозгаштаанд. Ба гуфтаи Европол, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароён бо гузарномаҳои ҷаълӣ ё воқеӣ вориди Аврупо мешаванд ва муттакӣ ба бондҳои қочоқи инсон нестанд. Полиси Аврупо тахмин задааст, ки шумори ифротгароёни террористӣ, ки аз Иттиҳодияи Аврупо дар Сурия ва Ироқи меҷанганд, 5 ҳазор нафар аст ва дар ҳудуди 1500 то 1800 нафари онҳо ба Аврупо бозгаштаанд.
Гузориши вижаи ҳамкорамон Азизӣ ба мавзуи афзоиши таҳдидоти террористӣ дар Аврупо ва ҳушдори Европол дар ин замина ихтисос дорад :