Сентябр 30, 2022 19:43 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши чашмгири маҳбӯбияти ҳизби Лиз Трасс дар оғози ӯҳдадории нахуствазирӣ

Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки Ҳизби муҳофизакори ҳокими Британия дар оғози ӯҳдадории нахуствазирии Лиз Трасс  ба шиддати маҳбӯбияти худро аз даст додааст.

Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки муҳофизакорони ҳоким дар Британия ба нахуствазирии Лиз Трасс, танҳо чанд рӯз қабл аз шурӯи конфронси ҳизбашон, ҳимояти раъйдиҳандагонро ба таври чашмгире аз даст додаанд.

Натоиҷи чандини назарсанҷӣ дар рӯзи панҷшанбе нишон дод, ки Ҳизби мухолифи коргар тавонист бартарии худро дар байни интихобкунандагон нисбат ба Ҳизби муҳофизакор афзоиш диҳад.

Бар асоси назарсанҷии Муассисаи таҳқиқоти афкори Юго,  ки ба суфориши рӯзномаи муҳофизакори “Таймс” анҷом шудааст, сотсиал-демократҳои Британия 33 дарсад аз муҳофизакорон ҷилавтар ҳастанд.

Ин натоиҷ барои Трасс, ки Ҳизби муҳофизакораш аз якшанбе то чаҳоршанбе барои Кангресс дар Бирмингем гирди ҳам меоянд, як рекорди вайронгар дар чаҳор ҳафтаи аввали ӯҳдадорӣ қудрат аст.

Натоиҷи заъифи ин назарсанҷӣ вокуниши шадиди бозорҳои молӣ ба барномаи коҳиши молиёти давлати Британия, ки ҳафтаи гузашта рӯнамоӣ шуд, маҳсӯб мешавад.

Арзиши фунти Британия рӯзи душанбе дар баробари доллар ба поинтарин ҳадди худ расид.

 

Барчасп