Афзоиши нархи худкуши дар Амрико дар соли 2021
Маркази миллии омори беҳдошти Амрико эълом кард, теъдоди худкушиҳо аз ҳудуди 46 ҳазор нафар дар соли 2020 ба 47 ҳазру 650 нафар дар соли 2021 расид.
Ба гузориши Садои Хуросон, Маркази миллии омори беҳдошти Амрико рӯзи ҷӯмъа эълом кард, бештарин афзоиши худкушиҳо дари ин кишвар дар соли 2021, марбут ба мардони ҷавоне аст,ки байни 15 то 24 сола (ҳашт дарсад) буд.
Дар соли 2000, пас аз як даҳҳа коҳиш, Амрико тавонист камтарин мизони худкуши яъне 10 худкуши дар байни 100 ҳазор сокин сабт кунад.
Дуктур Фаридман, пизишки бунёди пешгири аз худкушии Амрико, гуфт, яке аз фоктурҳое, ки дар ин коҳиш нақш дошт, ошкор шудани дармонҳое буд, ки ба мубориза бо хатари худкуши кумак кард.
Вай афзӯд: Аммо дубора мизони худкуши то соли 2018 афзоиш пайдо кард ва сипас дар соли 2019 ва 2020 тақрибан 5 дарсад коҳиш дошт.
Дар Амрико худкуши дуввумин омили марг назди синини 10 то 34 сола ба шумор меёяд.
Аловабарин омори соли 2021 нишон медиҳад нархи худкуши назди мардон чаҳор баробар аз занон аст ва ин тамойил бо гузашти солҳо ба таври мудовом вуҷӯд доштааст.
Дар ҳамин ҳол Созмони кантроли аслиҳа ахиран эълом кард, бисёре аз худкушиҳо ва соири маргҳои ноши аз аслиҳа дар Амрико, ки дар маҷмӯъ 24 ҳазор нафар дар сол аст.