Дастгирии ошӯбгарон муқобили сафорати Эрон дар Швейтсария
Полиси Швейтсария бо ошӯбгарон муқобили сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Берн, бархӯрд ва 2 нафарро дастгир кард.
Дар ҳоле, ки дар рӯзҳои гузашта дар пайи талошҳо ва фарохониҳои зиддиинқилоб барои баргузории таҷаммуъот дар дохили Эрон ба баҳонаи фавти Маҳсо Аминӣ, ҷамъе аз иғтишошгарону ошӯбгарон иқдом ба баргузории таҷамуъоти ғайриқонӯнӣ карда ва даст ба тахриби амволи умумӣ заданд, теъдоде аз аносури зиддиинқилоби хориҷ аз кишвар низ дар бархе аз кишварҳо иқдом ба баргузории таҷамуъоте карданд, ки дар бархе шаҳрҳо, аз ҷумлаи Лондону Порис бо вокуниши полис рӯбарӯ шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, полиси Швейтсария рӯзи якшанбе бо шуморе ошӯбгар муқобили сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Берн, пойтахти ин кишвар бархӯрд ва 2 танро дастгир кард.
Бар асоси ин гузориш, шуморе аз ошӯбгарон аз ҳисори муқобили сафорати Эрон боло рафтанд ва ба парчами Эрон бе эҳтиромӣ карданд. Ба дунболи ин ҳодиса, полиси Швейтсария барои мутафарриқ кардани муътаризон аз гулӯлаҳои пластикӣ истифода кард.
Полиси Швейтсария эълом карда, ки дар ин ҳодиса ҳеҷ кас осеб надида ва ошӯбгарон пас аз шиллики гулӯлаҳои пластикӣ мутафарриқ шуданд. Ба гуфтаи полиси Швейтсария, 2 ошӯбгар, ки вориди муҳавватаи сафорати Эрон шуда буданд, боздошт шуданд.
Полиси Норвегия низ панҷшанбеи гузашта дар маҷмӯ 95 нафарро дар ҷараёни иғтишошоту барҳам задани назм муқобили сафорати Эрон дар Осло боздошт кард. Боздошти бархе аз ин афрод ба далели харобкорӣ ва хушунат алайҳи полис, аз ҷумла партоби санг будааст.
Полиси Британия низ ҳафтаи гузашта, 13 тасвир аз афроди муртабит бо ошӯбгароне, ки дар баробари сафорати Эрон дар Лондон ба ошӯбгарӣ ва иғтишош пардохтандро мунташир кард ва аз мардум хост то ин ошӯбгаронро шиносоӣ ва муаррифӣ кунанд.
Аносури иғтишошгар бо таҳрики расонаҳои маонид ва зиддиинқилоб ҳамчунон ба баҳонаи фавти Маҳсо Аминӣ дар бархе шаҳрҳои Эрон бо ҳузур дар хиёбонҳо ба тахриби амволи умумӣ иқдом мекунанд.
Оташ задани худрав, мотор, бонкҳо ва ҳадаф қарор додани нерӯҳои полису амнияти Эрон, иқдомоти аносури иғтишошгар дар рӯзҳои ахир барои эҷоди руъбу ваҳшат дар ҷомеъа будааст.