Октябр 12, 2022 19:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Иттиҳодияи Аврупо аз тавофуқи марзи Бейрут ва режими саҳюнистӣ
    Ҳимояти Иттиҳодияи Аврупо аз тавофуқи марзи Бейрут ва режими саҳюнистӣ

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо интишори баёнияе аз тавофуқи таъини ҳудуди дарёӣ Лубнон ва режими саҳюнистӣ истиқбол кард.

Дафтари раёсати Ҷумҳурии Лубнон бо интишори баёнияи дар хусуси пешнависи ниҳоӣ тарсими марзҳои дарёӣ бо режими саҳюнитӣ ба миёнҷигарии Амрико гуфт нусхаи расми ниҳоӣ ва ислоҳшуда ироашуда аз суи Ҳучеш Тойн миёнигари амрикоӣ дар бораи тавофуқи тарсими марзҳои дарёӣ дар ҷанубро аз Илёс Бусъаб дарёфт карда аст.

Дар идомаи ин баёния омада аст нусхаи ниҳоӣ ин пешниҳод барои Лубнон ризоятбахш аст хостаҳои онҳоро бароварда ва аз ҳуқуқи он дар сармояи табиъӣ муҳофиза мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Хосеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо имруз чаҳоршанбе бо интишори баёнияе, ки сомонаи Иттиҳодияи Аврупо мунташир шуд зимни истиқбол аз тавофуқи таъини ҳудуди дарёӣ Лубнон ва режими саҳюнистӣ иҷрои онро дар субот ва рифоҳи тарафайн дахил донист.

Дар ин баёния Боррел бо таъкид бар чолишҳои амниятии байналмиллалӣ ва буҳрони ҷаҳонии энержи аз тарафайн хост то бо идомаи таъомули созанда ба суи ҳамкори ва рушди минтақаӣ дар ҳавзаи энержи ҳаракат кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои режими саҳюнистӣ дар эътироз ба тавофуқи таъини марзҳои дарёӣ бо Бейрут дар бораи фаъолиятҳои паҳподҳои ҷунбиши Ҳизбуллоҳ бар зидди артиши ин режим ҳушдор доданд.

 

Барчасп