Таҳлил: Интиқоди уламои Ҳинд аз иқдомоти давлат алайҳи мусалмонон
Муҳаммадризо Асгари ҷамоъати уламои Ҳинд аз мақомоти ин кишвар дар Иёлоти Утор Продеш хост то иқдоми якҷониба алайҳи мусалмононро мутавақиф кунад.
Мавлоно Маҳмуд Асади Маданӣ раиси ҷамъияти уламои Ҳинд гуфт: Гуруҳе аз мусалмонон дар минтақаи Султонпури иёлоти Утор Продеш мавриди ҳамалоти хушунатомез қарор гирифтаанд. Ин хушунат пас аз ҳамлаи Ҳиндуҳо ба мусалмонон ҳангоми дархости онҳо барои коҳиши садои мусиқи аз сӯйи ҳиндуҳо ҳангоми иқомати намози мусалмонон ба вуқӯъ пайваст.
Дар ин ҳодиса хисороте ба масҷиди мусалмонон ва як мадраса дар минтақаи Иброҳипур юриш бурда ва хисоротеро ворид сохтаанд.
Афзоиши ҳамалоти хушунатбор ҳиндуҳои ифротӣ алайҳи мусалмонон дар иёлотҳои мухталифи Ҳинд масъалае аст, ки метавонад дар сурати адами тағир дар сиёсатҳои ҳизби ҳокими Баҳоротиё Ҷоното( БИ ҶИ ПИ) абъоди васеътаре пайдо кунад.
Аз замони рӯйи кор омадани ҳизби ( БИ ҶИ ПИ)) дар Ҳинд дар соли 2015 хушунатҳои маргбор алайҳи мусалмонон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ба таври бесобиқае афзоиш ёфтааст.
Сиёсатҳои давлати миллигарои Ҳинд дар солҳои ахир сабаб шуда то ҳиндуҳои ифротӣ дар ин кишвар, иқдомоти маргбори худ зидди мусалмононро ташддид кунанд.
Собиқаи ҳизби ҳокими Баҳоротиё Ҷоното дар Ҳинд дар бе эҳтироми ва ҳаттокӣ ба муқаддасот ва оинҳои мазҳаби мусалмонон аз ҷумлаи ҳамла ва тахриби масоҷиди онон аз ҷумла амалкардҳои сиёҳи ин ҳизб дар беш аз ду даҳҳаи гузаштааст.
Тадовуми тахриб ва оташ задани масоҷид, маҳдуд кардани баргузории оинҳои мазҳабӣ, мамнуъияти атои муҷавизҳи иқомат ба муҳҷирони мусалмон, лағви худ мухтории вижаи минтақаи Кешмир ва сукут дар қиболи таъарузи хушунатбори ҳитндуҳои ифротӣ алайҳи мусалмонон аз ҷумлаи иқдомоти ҳадафманде буда, ки дар солҳои ахир алайҳи мусалмонони Ҳинд анҷом шудааст.
Ин дидгоҳ вуҷӯд дорад, ки ҳадафи давлати Ҳинд аз эъмоли сиёсатҳои табъизомези зидди мусалмонон ва сукут дар қиболи хушунатбори ҳиндуҳои ифротии зидди онҳо, тағир дар таркиби ҷамъияти мусалмонон ва ҳатто водор кардани онон ба муҳоҷират аз Ҳинд аст.
Беҳрӯз Аёз коршиноси масоъили сиёсӣ мегӯяд, давлати Ҳинд дар пайи ноамн кардани ин кишвар барои мусалмонон дар ҷиҳати кучондани онҳо ба кишварҳои дигар аст. Аҳзоби миллигаро аз ҷумла ҳизби ҳоким Баҳоротиё Ҷоното ( БИ ҶИ ПИ) низ бастарҳои хушунат алайҳи мусалмононро бо ҳифзи қудрати сиёсии худ гиреҳ задаанд.
Интиқод аз мақомоти давлати Ҳинд ва ҳиндуҳои ифротии зидди мусалмонон, танҳо маҳдуд ба ҷомеъаи уламо ва оҳоди мардуми мусалмони ин кишвар нест ва чанде пеш низ раиси ҳизби Конгреи миллии Ҳинд дар ҷамъи ҳаводорони ин ҳизб аз Норандаро Муди нахуствазири ин кишвар ба далели эҷоди шикоф байни ҳиндуҳо ва мусалмонон интиқод кард.
Ин дидгоҳ вуҷуд дорад коҳиши хушунатҳо алайҳи мусалмонон аз сӯйи ҳиндуҳои ифротӣ бо сиёсатҳои ҳизби ҳокими ( БИ ҶИ ПИ) иртиботи мустақим дорад.
Ба иборати дигар то замоне, ки давлати Ҳинд, сиёсати эъмоли фишор, зое кардани ҳуқуқ ва табъиз нисбат ба мусалмонони ин кишварро тағир надиҳанд, наметавон умед дошт, ки хушунатҳои мустамири ҳиндуҳои ифротии зидди мусалмонон коҳиш пайдо кунад.