Имрон Хон рӯзи ҷумъа фарохон эълом мекунад
(last modified Sun, 23 Oct 2022 14:04:11 GMT )
Октябр 23, 2022 19:04 Asia/Dushanbe
  • Имрон Хон рӯзи ҷумъа фарохон эълом мекунад

Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон аз фарохони густардаи зиддидавлати кунӯнии ин кишвар дар рӯзи ҷумъа хабар дод.

Имрон Хон рӯзи якшанбе даҳуми апрели гузашта бо 174 раъйи мусбат аз маҷмӯи 342 раъйи гирифта шуда дар порлумон аз симати худ барканор ва Шаҳбоз Шариф ҷонишинаш шудааст.

Имрон Хон токунӯн ҳозир нашуд то давлати баъд аз худро ба расмият бишносад ва муссирона баргузории интихоботи зӯдҳангомро мутолиба мекунад.

Нахуствазири барканор шудаи Покистон дар моҳҳои ахир, инҳилоли порлумони миллӣ ва эъломи таърихи ниҳоӣ барои баргузории интихоботи зӯдҳангом дар Покистонро танҳо шарти ақибнишинӣ аз мухолифат бо давлати Шаҳбоз Шариф ва ё поёни бунбасти сиёсӣ дар кишвар эълом кардааст.

Ба гузориши нашрияи Экспресснюз, Имрон Хон, нахуствазири пешин ва раиси Ҳизби таҳрики инсофи Покистон пас аз шикасти музокироташ бо давлати Шаҳбоз Шариф, нахуствазири ин кишвар дар пушти дарҳои баста, гуфт, музокироти мо дар пушти дарҳои бастаи натиҷае дар бар надошт ва ман барои рӯзи ҷумъа фарохони роҳпаймоии тӯлонимуддат эълом хоҳам кард.

Раиси Ҳизби таҳрики инсофи Покистон афзуд, ин бор бо тамомии имконот ба хиёбонҳо хоҳем омад ва дарёи хурушони мардум вориди Исломобод, пойтахти ин кишвар хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Камиссиони интихоботи Покистон рӯзи ҷумъа салоҳияти Имрон Хонро барои бар ӯҳда гирифтани машоғил ва мақомҳои давлатӣ, тайид накард.

Далели радди салоҳияти Имрон Хон барои машоғил ва мақомҳои давлатӣ, иттиҳомоти фурӯши ғайримуҷози ҳадоёи давлатии дарёфтӣ аз сарони кишварҳои дигар ва шахсиятҳои барҷастаи хориҷӣ унвон шудааст.