Ҷаҳон хостори халъи силоҳи ҳастаии режими саҳюнистӣ/ Созмони Миллал : " Исроил " бояд силоҳҳои ҳастаии худро нобуд кунад
(last modified 2022-11-01T07:41:55+00:00 )
Ноябр 01, 2022 12:41 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳон хостори халъи силоҳи ҳастаии режими саҳюнистӣ/ Созмони Миллал :

Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар як раъйгирӣ бо қотеъият хостори халъи силоҳи ҳастаии Исроил шуд . Ҷаҳониён ба ин воқеият наздик мешаванд, ки ҷаҳон дигар ҷое барои Исроил нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Қудсно, Созмони Миллали Муттаҳид қотеъона бар лузӯми пайвастани режими саҳюнистӣ ба NPT ва лузӯми халъи силоҳи ҳастаии ин режим ва ҳамчунин назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бар фаъолиятҳои ҳастаии он раъй дод .
Кумитаи аввали Маҷмаъи умумии Созмони Миллал бо аксарияти оро эълом кард, ки режими саҳюнистӣ бояд силоҳҳои ҳастаии худро нобуд кунад ва ҳар гуна фаъолияти он таҳти назорати Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ анҷом гирад . Пас аз раъйгирӣ натоиҷ ба шарҳи зер эълом шуд .
152 рои мувофиқ ( аз ҷумла Эрону Русия ва Чин )
5 раъйи мухолиф ( Исроил, Канада, Амрико, Микронезия и Палау)
24 раъйи бетараф ( аз ҷумла Олмон, Британия, Ҳинд, Полша, ва Фаронса ва Албания ) .
Раъйи бетарафонаи Албания ба ин қатънома низ дар навъи худ ҷолиб аст . Зеро нахуствазири Албания ахиран бо як ҳайат аз мақомоти ин кишвар ба Тел-Авив сафар карда буд ва зоҳиран тавофуқномаҳои гуногунеро ҳам имзо карда буданд!

Бештар бихонед :

 

Барчасп