Худоҳофизии ғайримунтазираи устураи “Барселона” аз ин тим
Жерар Пике эълом кард, аз бошгоҳи “Барселона” ҷудо хоҳад шуд ва дар дидор муқобили тими “Алмерия” барои охирин бор ба майдон хоҳад рафт.
Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Жерар Пике расман бознишастагии худ аз футболро эълом кард ва гуфт, бозии рӯзи шанбеи “Барселона” охирин ҳузури ӯ дар як мусобиқаи футбол хоҳад буд.
Жерар Пике - ситораи 35 солаи Испания гуфт, ҳамеша гуфтаам, ки баъд аз “Барселона” дар ҳеҷ тими дигаре бозӣ нахоҳам кард. Тасмими ниҳоии ман ҳамин аст. Рӯзи шанбе охирин бозии ман хоҳад буд.
Пике ки мутаваллиди Каталония аст, даврони футболии ҳирфаии ҳаждаҳсолаи пурифтихореро пушти сар гузоштааст. Ӯ дар ин муддат 35 ҷоми қаҳрамонӣ болои сар бурдаву зери назари теъдоде аз бузургтарин мураббиёни таърихи футбол бозӣ кардааст.
Пике на танҳо дар Испания, балки дар Англия ҳам ба ҷоми қаҳрамонӣ расидааст. Аз дигар ифтихороти ӯ метавон ба қаҳрамонӣ дар чаҳор давраи Лигаи қаҳрамонӣ ва як бор фатҳи Ҷоми Ҷаҳонӣ ишора кард. Пике бо наздик ба 800 бозии футбол бознишаста хоҳад шуд.
Хабари худоҳофизии ин ситораи испанияӣ дар ҳоле мунташир шуд, ки моҷарои талоқу ҷудоӣ аз ҳамсараш Шакира (ситораи колумбиёии дунёи мусиқӣ) низ дар моҳҳои гузашта нақли маҳофили расонаӣ аст.