Тафсир. Ҳушдори Русия ба режими саҳюнистӣ дар бораи убур аз хати сурх дар бораи Украина
(last modified 2022-11-07T13:44:43+00:00 )
Ноябр 07, 2022 18:44 Asia/Dushanbe
  • Бетаваҷҷуҳии режими саҳюнистӣ ба ҳушдорҳои Русия
    Бетаваҷҷуҳии режими саҳюнистӣ ба ҳушдорҳои Русия

Русия ба сароҳат ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дода, ки дар сурати талош барои интиқоли сомонаҳои дифои ҳавоӣ ба Украина, ҳатто аз тариқи кишвари сеюм, ин мавзуъ ба унвони убур аз хати сурх талаққӣ мешавад ва авоқибе дар пай хоҳад дошт.

Маскав ба Тел-Авив иттилоъ додааст, ки агар мушакҳои падофанди ҳавоӣ ё соири мушакҳои раҳгири сохти ин режим мустақим ё аз тариқи кишварҳои сеюм ба Украина ирсол шавад, Маскав ба ин иқдом вокуниш нишон хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ амалан дар масири таслеҳи Украина гом бардоштааст. Тибқи гузоришҳо як ширкати саноеи амниятии режими саҳюнистӣ "мамнуияти таҳмилшуда алайҳи ин режим дар хусуси фурӯши таслеҳоти пешрафта ба Украина" -ро давр зада ва сомонаҳои падофанди зиддипаҳподро аз тариқи Полша ба артиши Украина фурӯхтааст.

Пештар ҳам Дмитрий Медведев, муовини Шӯрои амнияти Русия ба Исроил дар бораи ирсоли таслеҳот ба Украина ҳушдор дода ва гуфта буд, ин иқдом дар сурати амалӣ шудан иқдоми бепарвоӣ хоҳад буд ва равобити миёни ду тарафро вайрон хоҳад кард.

Равобити Русия ва режими саҳюнистӣ пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина вориди бурҳаи ҷадиду пуртанише ба далели мавозеи Тел-Авив дар ҳамсӯӣ бо Ғарб ва гирифтани мавозеи зиддирусӣ шудааст.

Агарчӣ режими Исроил дар ибтидои ҷанги Русияву Украина талош дошт то мавзеи бетарафона дар қиболи он гирад, аммо бо идомаи ин ҷанг ва фишорҳои Амрико барои иқдомоти малмус алайҳи Русия ва ба нафъи Украина, Тел-Авив ба тадриҷ ба самти ҳимояти эъломӣ ва эъмолӣ аз Киев ва мухолифат бо Маскав савқ пайдо кардааст.

Акнун бо тавваҷуҳ ба пирӯзии Бенёмин Натанёҳу дар интхоботи режими саҳюнистӣ ва ташкили давлати ҷадид тавассути вай, масъалаи сиёсати режими саҳюнистӣ дар қиболи ҷанги Украина бо тавваҷуҳ ба равобити деринаи Натанёҳу ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар маркази тавваҷуҳ қарор гирифтааст. Яир Лапид, нахуствазири муваққати режими саҳюнистӣ дар даврони ҳукуматаш амалан ба ҳушдорҳои Маскав бетаваҷҷуҳӣ нишон дода ва ҳатто ба унвони вазири хориҷа ба маҳкумияти иқдомоти Русия дар ҷанги Украина пардохта буд. Натанёҳу ба эҳтимоли зиёд талош хоҳад кард то сиёсати миёнаеро дар бораи ҷанги Украина иттихоз намояд.

Бо ин ҳол вай ба эҳтимоли зиёд таҳти фишорҳои физояндаи Амрико ва Украина барои тадоруки сомонаҳои зиддимушакӣ ва падофанди ҳавоӣ барои артиши Украина қарор хоҳад гирифт. Иқдоме, ки амалӣ шудани он ба таври ҳатмӣ вокуниши шадиди Маскавро барангехт ва чӣ басо муҷиби таҷдиди назари куллии Русия дар равобиташ бо режими саҳюнистӣ шавад.

 

Барчасп