Ноябр 19, 2022 12:34 Asia/Dushanbe
  • Тағироти обу ҳавоӣ бар дарахтон стресс ворид мекунад

Як хабаргузории амрикоӣ бо интишори матлабе эълом кард донишмандон дарёфтаанд гармои ғайриодии ҷаҳон ва обу ҳавои хушк бар дарахтон стресс ворид мекунад .

Ба гузориши рӯзи шанбеи Ассошейтед пресс, донишмандон дар боғи гиёҳшиносии Лондон дар ҳоли баррасии беҳтарини равиш барои ҷойгузинии дарахтони осебпазире ҳастанд, ки барои зинда мондан дар тобистонҳо ва пойизҳои гарму хушктар дар Британия талош мекунанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси гузориши идораи ҳавошиносии Британия ин кишвар яке аз гармтарин моҳҳои октябрро аз соли 1884 то кунун таҷриба кардааст ва он соли тобистонӣ буд, ки дар он дараҷаи болои рекордҳоро шикаст . 2000 гӯнаи дарахт дар ин боғи гиёҳшиносӣ вуҷуд дорад, аммо бо вуҷуди ранги зебои пойизӣ ҳамаи онҳо хуб нестанд .
Тибқи ин гузориш ҳаво, ки дар тобистон дар Аврупо аз ҷумлаи Британия ба 40 дараҷаи  болои сифр расид, ба ин маънӣ аст ки сатҳи об дар аъмоқи сатҳи хок хушк шуда ва бархе аз дарахтонро, ки бештар бӯмии обу ҳавои муътадил ҳастанд, маҷбур ба рехтани баргҳои худ кардааст .
Бинобарин бисёре дарахтони худро ба шароити гармоу хушкӣ татбиқ медиҳанд аммо бисёре дигар наметавонанд ва хушк мешаванд ё ба хоби зудраси зимистонӣ мераванд .
Кеви Мартин-раиси маҷмӯъаи дарахтони боғҳои гиёҳшиносӣ эълом кард дарахтон метавонанд худро бо стресс татовуқ диҳанд ,бинобарин метавонанд бо хушксолӣ ва ё стресси гармо татовуқ ёбанд . Аммо агар талфиқӣ аз ин ду бошад ки имсоли шоҳиди он будем  воқеан даргир мешаванд .
Ин матлаб дар ҳоле мунташир шуда, ки коршиносон дар иҷлоси иқлимии Миср- COP 27 бо ҳушдор дар бораи пайомадҳои гарм шудани замин барои муҳити зист ва гиёҳон афзуданд : Шумори афроди мутаассир аз гармояши замин то соли 2050 то ду баробар афзоиш меёбад ва баровард мешавад ки то он замон шумори касоне ки дар маърази танишҳои обӣ қарор доранд ба ҳудуди се миллиард нафар бирасад .

 

Барчасп