Таҳлил: Расвоӣ ҷадиди ҳуқуқи башари давлати Байден
Вазорати додгустари Амрико бо судури як райи машварати ва мувофиқати давлати ин кишвар ба Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саъудӣ дар парвандаи қатли Ҷамол Хошоқчи рузноманигори мунтақиди Риёз дар Истанбул масуният эъто кард. Ин назари машварати дар ҳоле эълом шуд, ки шикоят зидди валиаҳди саъудӣ ва ҳамроҳони вай тавассути Хадиҷа Чангиз номзади Хошоқчи ва созмони демокроси дар ҷаҳони араб акнун дар додгоҳи федероли Вашенгтон дар ҷараён буд.
Қозии ин додгоҳ то нимаи шаби панҷшанбе 17 ноябр ба давлати Амрико муҳлат дода буд то дар бораи дархости вакили бин Салмон мабни бар эътои масунияти қонунӣ ба мувакилаш ба далели мавқеъияти болои вай изҳори назар кард дар ҳоле, ки Вашенгтон ин фурсатро дошт ва метавонист, ки ба ҳеҷваҷ назари худро эълом накунад.
Хадиҷаи Чангиз номзади Хошоқчи дар паёми дар фазои маҷозии худ навшит: Имруз Ҷамол бори дигар даргузашт мо фикр мекардем шояд дар Амрико нури барои иҷрои адолат вуҷуд дошта бошад аммо боз ҳам пул аввал шуд ин дунёе аст, ки Ҷамол ва ман аз он хабар надоштем...!
Ҷамоли Хошоқчи рузноманигори мунтақиди арабистонӣ дар октиябри соли 2018 ҳангоми муроҷиъа ба консулгарии саъудӣ дар шаҳри Истанбул тавассути маъмури саъудӣ ва бо дастури мустақими Муҳаммад бин Салмон кушта ва бадани у тика тика шуд. Бо вуҷуди ҷинояти ваҳшатнок аммо Вашенгтон ҳамвора аз ҳаргуна иқдоми зидди валиаҳди саъудӣ тафра рафт ва акнун бо судури райи машварати ба вай масуният эъто карда аст.
Моҳи гузашта Малик Саллмон подшоҳи саъудӣ ба унвони бахши аз тағири сохтори кобинаи ин кишвар Муҳаммад бин Салмонро ба унвони раиси шурои вазирон таъин карда буд.
Вакилони Муҳаммад бин Салмон ба додгоҳи амрикоӣ гуфта буданд, ки вазифаи ҷадиди валиаҳди саъудӣ ба унвони раиси шурои вазирон боиси масунияти қазоӣ у аз пайгири дар парвандаи қатли Ҷамол Хошоқчи хоҳад шуд.
Бо вуҷуди ваъдаҳои интихоботии Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико дар бораи таҷдиди назар дар равобити Вашенгтон ва Риёз ва сахтгириҳои бештар дар муқобили режими саъудӣ аз ҷумла дар заминаҳои ҳуқуқи башарӣ аммо манофеъи баландмуддат ва гиополетикии Амрико дар минтақаи ғарби Осиё, Вашенгтонро ба тағири мавзеъи тадриҷи дар муқобили Риёз водошта аст.
Пас аз руи кор омдани Ҷо Байден дар январи соли 2021 ва бархе мавзеъгирҳои вай ва мақомоти аршади давлати у монанди вазири хориҷаи дар интиқод аз режими саъудӣ интизор мерафт, ки тағироти асосӣ дар равобити Вашенгтон ва Риёз рух диҳад, аммо бо вуҷуди ин ваъдаҳо сиёсти куллии Амрико дар қиболи Арабистони Саъудӣ ба унвони яке аз муттаҳидони аслии он дар Халиҷи Форс ва ғарби Осиё ҳамчунон бармадори ҳимояти ҳамаҷониба аз он мечархад лизо ҳамчунон равобити ду кишвар дар сатҳи болоӣ боқи монда аст.
Ин амр ба вижа дар бораи идомаи фуруши силоҳҳои Амрико ба Арабистон пас аз вақфаи кутоҳ ва низ масоили нодида гирифтани қатли Ҷамол Хошоқчи мисдоқ пайдо карда аст. Раисони Ҷумҳурии Амрико ба вижа демократҳо монанди Ҷо Байден ҳамвора иддаои ҳуқуқи башар дошта ва ба ин баҳона кишварҳои мухталиф султаи Вашенгтонро таҳти анвоъи фишорҳо ва таҳримҳо қарор дода буданд.
Бо ин ҳол амалкарди давлати Байден дар заминаи ҳуқуқи башар нишон медиҳад, ки аз ин масала фақат ба манзалаи ибрози барои пешбурди манофеъи Амрико ва боҷхоҳи аз кишварҳои дуст ва эъмоли фишор ба кишварҳои рақиб ё мухолиф истифода мекунад дар ҳақиқат раисони Ҷумҳурии Амрико ҳеҷ дағдағаи ҳақақи дар ин замина надоштанд.
Дар ҳоле, ки Арабистони Саъудӣ аз бузургтарин нақзкунандаи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, аммо рафтор ва бархурди Вашенгтон дар муқобили режими саъудӣ ба гунаи рафтор бо як кишвари демократик аст.
Акнун Вашенгтон бо эътои масуният ба Муҳаммад бин Салмон дар қазияи қатли фаҷиъи Хошоқчи имтиёзи бузург ба режими саъудӣ дода аст ва ба интизор меравад, ки дар қиболи ин хушхидмати имтиёзи калони сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ аз саъудиҳо бигирад.
Амрико бе эътино ба нақзи шадиди ҳуқуқи башар аз ҷониби режими саъудӣ ҳамчунон манофеъ ва аҳдофи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии худ ва режими саҳюнистиро дар авлавияти сиёсатҳои худ дар ғарби осиё қарор дода аст.