Таҳлил: Қудрати бин Салмон ва бин Зоид танҳо ба кудакони яманӣ мерасад
(last modified 2022-11-20T12:00:35+00:00 )
Ноябр 20, 2022 17:00 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси охирин гузориши Вазорати беҳдошти Яман ҳар рӯз беш аз 80 навозди ба дунё омада дар ин кишвар ҷон медиҳанд
    Бар асоси охирин гузориши Вазорати беҳдошти Яман ҳар рӯз беш аз 80 навозди ба дунё омада дар ин кишвар ҷон медиҳанд

Ҳар рӯз, ки мегузорад бар ҳаҷми густардаи парвандаи ҷиноятҳои ҷангини бин Салмон ва бин Зоид дар Яман афзӯда мешавад.

Бо вуҷуди ин ки бахши зиёди таваҷҷуҳи расонаҳои ғарби ба ҷанги Украина маътуф шуда аст, аммо имрӯз ҳеҷ нуқтаеро наметавон дар ҷаҳон пайдо кард, ки вазъияти инсонии он бахусус дар заминаи кудакон ба андозаи Яман бад бошад.

Бар асоси охирин гузориши Вазорати беҳдошти Яман ҳар рӯз беш аз 80 навозди ба дунё омада дар ин кишвар ҷон медиҳанд, солона 1 миллиону 120 ҳазор навзод дар Яман ба дунё меояд, ки 39 дарсади онро навзодони норас ташкид медиҳанд.

Истифодаи эътилофи мутаҷовизи саъудӣ аз силоҳҳои мамнуъа дар Яман сабаби афзоиши тавалуди навзодони норас дар Яман шуда аст бахши беҳдошт ва дармони Яман ба ду ҳазор дастгоҳи нигаҳдории кудакони норас ниёз дорад, ки ҳамакнун фақат 632 дастгоҳ дар марказҳои дармонӣ вуҷӯд дорад ва ҳамин амр ба марги норас меанҷомад.

Ҳишомшараф Абдулло, вазири хориҷаи давлати Наҷоти миллии Яман дар ҷараёни дидори Питерҷемз Ҳукин намояндаи ҷадиди муқими созмони ҳимоят аз кудакони Созмони Миллал бо вай дар Санъо гуфт: Яман бо бадтарин фоҷеъаи инсонӣ сохт ва пардохти башари рӯ ба рӯ аст кудакон ва занон бештарин қишри ҷомеъа ҳастанд, ки аз таҷовузгари ва муҳосираи таҳмилии мутаҷовизони зиддӣ ямани осеб диданд.

Бисёри аз бемористонҳо дар бомбборонҳо осеб дида ва ё нубд шуданд ва бақияи бемористонҳо ҳам ба нудрат метавонанд хадамоти пизишкии худро ироа диҳанд, аксари мадрасаҳо ҳам дар сояи ҷанг таътил шуда ва аз ҳар се кудаки яманӣ танҳо яки метавонад дарс бихонад.

Ҳарчанд кудакон беш аз дигар ақшори ҷомеъа дар маърази ҷанги таҳмилии Арабистон ва Иморот қарор доранд ва қурбони мешаванд, аммо абъоди фоҷеъа танҳо ба кудакон маҳдуд намешавад ва густараи ҳамалот ва вайрониҳои ноши аз ҳамалоти эътилофи мутаҷовиз ва эъмоли муҳосира ва таҳримҳои ҳамаҷониба бар Яман сабаб шуда аст, ки беш аз 80 дарсади мардуми Яман дар маърази фоҷеъаи инсонӣ қарор гиранд.

Ниҳодҳои вобаста ба Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷумла беҳдошти ҷаҳонӣ борҳо ҳушдор доданд, ки бар асари идомаи ҳамалоти мутаҷовиз ба Яман мардуми ин кишвар бо қаҳти ва бурузи як фоҷеъаи инсонӣ, ки дар қарни гузашта бесобиқа аст рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ба гуфтаи муъовини вазири беҳдошти давлати Наҷоти миллии Яман ҷанг, муҳосира ва бомбборони зерсохтҳои Яман сабаби густариши бемориҳои чун молерия, таб ва ғайра шуда ва танҳо 5 соли гузашта 260 ҳазор мавриди марги ноши аз ин бемориҳо гузориш шуда аст.

Бар асоси эъломи дафтари комисарияи Олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон дусевуми ҷамъият ҳудуди 20 миллион нафар ниёзманди кумакҳои башардӯстона вобаста ҳастанд ва 80 дарсади онҳо зери хатари фақр ба сар мебаранд.

Ҳарчанд масъулияти аслии вазъияти бади инсонӣ дар Яман мутваҷеҳи давлатҳои мутаҷовизи Арабистон ва Иморот аст, аммо бар асоси таҳқиқоти мустақили байналмиллалии Созмони Миллал низ дар эҷоди вазъияти мавҷуд муқасир буд ва натавонист ва ё нахост вазъиятро ба хуби мудирият кунад.

Гузориши нави мунташиршуда аз тарафи як тими арзёбии мустақили байналмиллали, ки шомили муҳақиқон, муассисаҳои муолеъотии рушди байналмиллалӣ низ будааст нишон медиҳад, ки бо вуҷӯди 16 миллиард доллар аз сӯи Созмони Миллал дар тӯли ҳафт соли буҳрони ноши аз ҷанг, вазъияти Яман ба бузургтарин ва бадтарин фоҷеъаи инсонӣ дар ҷаҳон табдил шуда аст.

Ин гузориш бо таъкид бар ин ки вокуниши Созмони Миллал ба буҳрони Яман ба шакли ғайри қобили қабули номуносиб буд ва бо абъоди ин фоҷеъа таносуб надоштааст меафзояд:  Бо вуҷӯди будҷаи бесобиқае, ки аз соли 2015 ба Яман ихтисос ёфтааст ин будҷа танҳо дар зинда нигаҳдоштани мардуми Яман тавфиқ дошта  ва дар эҷоди беҳбуди асосӣ дар зиндагии мардуми одии Яман шикаст хурдааст.

Ба гуфтаи коршиносон муҳимтарин омил дар нотавонӣ аз эҷоди тағироти баландмуддатро бояд заъф дар барномарези ва доштани нигоҳи кутоҳмуддат ба он донист.

Бо таваҷуҳ ба ин ки эътилофи мутаҷовизи саъудӣ ва аморотӣ ҳамчунон аз вазъияти на ҷанг на сулҳ барои истимрори ҳамалот ва таҷовузоти худ истифода мекунанд лизо давлати Наҷоти миллии Яман ба раҳбарии Ансоруллоҳ як тарҳи се марҳалаиро барои посӯх ба мутаҷовизон дар дастури кор қарор дода аст:

Марҳалаи аввал маҳали ва дохил аст ва ҳадаф аз он монеъ шудан аз ғорати нефти Яман аз тариқи пешгири аз истихроҷ ва қочоқи ин манбаъи ҳаёти тавассути ширкатҳо ва киштиҳои ғарби аз бандарҳои устонҳои шарқии Яман аст. Дар ин марҳала неруҳои Яман бар амалиёти низомӣ ҳушдордиҳанда такия карда ва талош мекунанд талафоти инсонӣ ё хисорати моди ворид накунанд.

Марҳалаи дувум ҳадаф қарор додани таъсисоти ҳаётии Арабистон ва Иморот аст ин марҳала замоне оғоз мешавад, ки Санъо мутмаин шавад кишварҳои мутаҷовиз ба хостаҳои инсонии Яман посӯх нахоҳад дод даргири дар ин марҳала ба сурати тадриҷи ташдид хоҳад шуд пеш аз ин низ Ансоруллоҳ бо ҳушдор ба ширкатҳои хориҷӣ ва аморотӣ-саъудии ғораткунандаи манобеъи нефтии Яман ва фурсат ба онҳо барои тарки Яман онро оғоз карда буд.

Аммо марҳалаи севум бо ҳадаф қарор додани аҳдофи мутахосим дар дарёӣ сурх ва тангаи Боб-Ал-Мандаб ва ҳамчунин дар дарёи араб оғоз мешавад, раҳбарии Санъо чандинбор дар ин бора ҳушдор дод ва таъкид кард, ки ҳадаф қарор додани ҳар ҳадафе дар дарёи сурхро дорад.

Дар чунин вазъияти эътилофи мутаҷовиз ду гузинаи бештар пеши рӯ надорад: Ё ин ки бо хостаҳои мардуми Яман барои поён додан ба таҷовуз ва муҳосираи Яман ва пардохтани ғаромат мувофиқат кунад ё ин ки мунтазири мушакҳо ва паҳподҳои яманиҳо бимонанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп