Тафсир: Ҳушдори ЮНИСЕФ дар бораи вазъияти ҳуқуқи кӯдакон дар Фаронсаи муддаии ҳуқуқи башар
(last modified Wed, 23 Nov 2022 13:08:36 GMT )
Ноябр 23, 2022 18:08 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Ҳушдори ЮНИСЕФ дар бораи вазъияти ҳуқуқи кӯдакон дар Фаронсаи муддаии ҳуқуқи башар

Сандӯқи кӯдакони Созмони милал (ЮНИСЕФ) дар Фаронса нисбат ба шароити «нигаронкунанда»-и ҳуқуқи кӯдакон дар ин кишвар ҳушдор дода ва гузориши «нигаронкунанда» -е аз вазъияти кӯдакон дар мувоҷиҳа бо фақр, маҳрӯмият аз таҳсил,мушкилоти муртабит ба саломати равон ва хушунат мунташир кардааст. Бар пояи ин гузориш беш аз як кӯдак аз ҳар 5 кӯдак зери хати фақр зиндагӣ мекунад ва 42 ҳазор кӯдак низ бехонумон ҳастанд.

Ин гузориш тавсия карда, ки Фаронса ҳамчунон бояд барои тазмини ҳуқуқи кӯдакон, бавижа осебпазиртарини онҳо, иқдомоти бештаре сӯрат диҳад. ЮНИСЕФ дар Фаронса дар баёнияи матбӯотӣ ҳамроҳ бо ин гузориш, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи кӯдак интишор ёфт, ибрози таассуф кард: Нобаробариҳои иҷтимоӣ ва сарзаминии «бисёре аз кӯдаконро аз дастрасӣ ба мадраса, беҳдошт ё хадамоти ҳифозатӣ мамониат мекунад». Ба рағми бархе иқдомот барои беҳбуди вазъияти кӯдакон дар Фаронса, ЮНИСЕФ аз инки ин иқдомот ва сиёсатҳо «бисёр пароканда» ҳастанд ва ба ҳамин далел «асарбахшии онҳо» чандон набудааст, ибрози таассуф кард.

Adeline Hazan, мудири дафтари Фаронсаи ЮНИСЕФ мегуяд: Буҳрони саломати ношӣ аз ҳамагирии Ковид 19 , вазъияти маъишатии кӯдаконро низ бадтар карда ва хушунат алайҳи кӯдакон низ афзоиш ёфтааст. Теъдоди тамосҳо бо телефони хадамоти иҷтимоии ёрии таъҷилӣ барои гузориш дар маърази хушунат қарор гирифтан як кӯдаки хурдсол ба мизони қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфтааст. Ҳар панҷ рӯз як кӯдак дар Фаронса тавассути яке аз волидайнаш кушта шудааст.

Гузориши ЮНИСЕФ дар бораи вазъияти ноҳанҷори кӯдакон дар Фаронса, кишваре, ки муддаии ҳуқуқи башар аст ва дигар кишварҳоро ба далели нақзи ҳуқуқи башар мавриди интиқод ва накӯҳиш қарор медиҳад бори дигар дуруғ будани иддаоҳои кишварҳои ғарбиро ба намоиш мегузорад. Ғарбиҳо даҳҳо сол аст, ки кишварҳои мухолифи худро ба баҳонаи нақзи ҳуқуқи башар ва низ адами риояти ҳуқуқи инсонӣ мавриди интиқод қарор дода ва ҳатто иқдом ба судӯри қатъномаҳо ва ё маҳкӯмият дар маҷомеи ҳуқуқи башарӣ монанди Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал мекунанд. Дар ҳоле, ки худро масӯн аз пурсиш ва бозхост дониста ва иҷозаи зери суол бурдани вазъияти инсонҳо, аз ҷумла кӯдаконро дар кишварҳои худ намедиҳанд. Дар ҳоле, ки гузоришҳои мутааддиди созмонҳо ва ниҳодҳои вобаста ба Созмони милал аз қабили ЮНИСЕФ ва ё Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал ва низ ниҳодҳои муртабит бо паноҳҷуёни ҳокӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар робита бо кӯдакон, муҳоҷирону паноҳҷӯён бавижа дар кишвари Фаронса аст.

Аҳаммияти гузориши ЮНИСЕФ аз онҷо аст, ки нишон медиҳад, ки давлати Эммануэл Макрон, ки ҳамвора доъияи дифо аз ҳуқуқи инсонҳо, албатта дар бораи дигар кишварҳоро дорад, аммо коре барои шаҳрвандони кишвари худ бавижа кӯдакон сӯрат намедиҳад. Албатта нақзи ҳуқуқи башар дар Фаронса фақат мухтас ба ҳуқуқи кӯдакон нест. Балки дар бораи ақаллияти мусулмонони ин кишвар низ мавориди мутаъаддиде аз нақзи ҳуқуқи инсонӣ ба чашм мехӯрад. Раванди исломситезӣ ва ташдиди фишорҳо алайҳи мусулмонон дар Фаронса дар солҳои ахир ташдид шудааст. Дар давраи раёсатҷумҳурии Макрон, раисиҷумҳури рости миёнаи Фаронса ин маҳдӯдиятҳо дар канори тасвиби қавонини мутааддид алайҳи мусулмонону марокизи исломӣ ва эъмоли маҳдӯдиятҳои густардаи мазҳабӣ алайҳи мусулмонон зиндагиро барои мусулмонон дар ин кишвар бо сахтӣ ду чандон мувоҷеҳ кардааст. Ҳамчунин бархӯрди давлати Фаронса бо муҳоҷирон ва паноҳҷӯён башиддат ғайри инсонӣ аст. Вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар, ки худро аз муддаиёни озодӣ ва демократия медонад ба наҳве аст, ки Созмони милал аз рафтори Фаронса дар қиболи паноҳҷӯён ибрози нигаронӣ кардааст. Паноҳҷӯён дар Фаронса илова бар мутаҳаммил шудани хушунат тавассути полис, ҳамвора тавассути гурӯҳҳои ифротӣ ва нажодпараст мавриди ҳамла ва озору азият қарори гирифта ва ниҳодҳои назоратӣ иқдоми муносибе дар ин хусӯс анҷом намедиҳанд. Дар канори ин маворид табъиз ва хушунати густардаи полис алайҳи сиёҳпӯстон, доман задан ба исломҳаросӣ, шароити сахту номуносиби коргарон, табъизҳои ҷинсиятӣ ва қавмӣ дар ҳавзаҳои гӯногӯн бавижа иштиғол ва омӯзиш, аз ҷумлаи мавориди дигар нақзи ҳуқуқи башар дар Фаронса аст.

 

Барчасп