Ноябр 27, 2022 12:39 Asia/Dushanbe
  • Таварум ва афзоиши ҳазинаҳои шаҳрвандони амрикоӣ
    Таварум ва афзоиши ҳазинаҳои шаҳрвандони амрикоӣ

Афзоиши нархи таварум ба болотарин рақам дар 40 соли гузашта дар инқтисоди Амрико ҳазинаҳои зиндагӣ дар ин кишварро боло бурда ва фишори зиёдиро ба табақаи миёна ба поён ворид карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, таҳқиқоти муассисаи Муди нишон медиҳад дар асари таваруми 8 дарасади ҳазинаҳои моҳонаи хонаводаҳои амрикоӣ дар моҳи октиябр 433 доллар нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл афзоиш ёфта аст. Ин ба он маъно аст, ки ҳар хонаводаӣ амрикоӣ барои хариди ҳамон колоҳо ва хадамоте, ки дар октиябри соли 2021 харидори мекард дар октиябри соли 2022 бояд 433 доллар бештар пардохт кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки дастмузди ҳуқуқбигирон ҳамопи таварум пеш рафта ва дар натиҷаи он қудрати хариди ин гуруҳ дар як соли гузашта коҳиш дошта аст.

Медлин Молун мушовири молии амрикоӣ ба шаҳрвандони ин кившар тавсия кард барои танзими будҷети худ колоҳои ғайризаруриро аз сабади харидашон бардоран ва авлавиятро ба хариди колоҳои зарури бидиҳанд.

Бар асоси ин гузориш нархи хурокҳо дар Амрико дар як соли гузашта аз 10.9 дарсад то 95.2 дарсад афзоиш ёфта аст.

Нархи билети ҳавопаймо дар Амрико низ 42.9 дарсад ва нархи билети ҳамлу нақли умумӣ 28.1 дарсад афзоиш дошта аст.

Мошинҳои сабукрав низ дар ин кишвар тайи як соли гузашта 8.4 дарсад афозиши нарх дошта аст.

 

Барчасп