Дабири кулли Созмони Милал хоҳони ҷаҳоне орӣ аз силоҳи шимиёӣ шуд
-
Антонио Гутерриш
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати рӯзи гиромидошти қурбониёни силоҳҳои шимиёӣ, хоҳони ҷаҳоне орӣ аз чунин силоҳи маргбор шуд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ҳисоби твиттерии худ дар ин бора навишт, таслеҳоти шимиёӣ сояе афканда, ки қурбониёни бешуморе дар саросари ҷаҳон гирифтааст.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар идома афзуд: "Дар рӯзи гиромидошти қурбониёни ҷанги шимиёӣ мо бояд ёди онҳоро гиромӣ доштаву тааҳҳуди худро барои даст ёфтан ба ҷаҳоне орӣ аз чунин таҳдиде мавриди таъкид қарор диҳем".
Антонио Гутерриш бо даъват аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба гуфтугӯ, дипломатия ва музокира барои коҳиши танишҳо, хатароти ҳастаӣ ва аз байн бурдани якбораи таҳдидоти ҳастаӣ таъкид кард: “Ҷаҳони орӣ аз таслеҳоти ҳастаӣ ҳамчунон болотарин авлавияти СММ аст”.
Қарор аст ёздаҳумини конфронси бознигарии Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ соли 2026 дар дафтари СММ дар Ню-Йорк баргузор шавад.