Макрон: Аврупо бояд посухи қудратмандонае ба қонӯни зидди таварруми Амрико бидиҳад
(last modified Sat, 10 Dec 2022 13:27:17 GMT )
Декабр 10, 2022 18:27 Asia/Dushanbe
  • Макрон: Аврупо бояд посухи қудратмандонае ба қонӯни зидди таварруми Амрико бидиҳад

Раисиҷумҳури Фаронса хостори посухи қотеъи кишварҳои аврупоӣ ба «қонӯни коҳиши таварруми Амрико» шуд.

Қонӯни «коҳиши таварруми Амрико» тобистони соли ҷорӣ ба тасвиби Конгресси Амрико расид. Ин қонӯн ба созандагони худравҳои барқӣ, батарея ва таҷҳизоти тавлиди барқ, ки дар Амрико сохта шавад ёрона ихтисос медиҳад.

Сарони кишварҳои аврупоӣ ҳушдор додаанд, ки ин қонӯн метавонад ба эҷоди ҷанги тиҷоратӣ миёни муттаҳидони ду сӯи Атлантик мунҷар шавад.

Эммануэл Макрон гуфт, Аврупо бояд дар моҳҳои оянда посухи қудратмандонае ба «қонӯни коҳиши таварруми Амрико» бидиҳад.

Вай таъкид кард, ин кор бояд то қабл аз се моҳаи нахусти соли 2023 анҷом шавад ва саноати Аврупо бояд дар баробари иқдомоти Амрико тавони рақобат дошта бошанд.

Раисиҷумҳури Фаронса пештар дар сафар ба Амрико ҳушдор дода буд сиёсатҳои ҳимоятгароии ин кишвар дар эътои ёрона ба ширкатҳои амрикоӣ дар қолаби қонӯни ёд шуда, мӯҷиби эҷоди ихтилоф дар кишварҳои ғарбӣ хоҳад шуд.