Мушорикати андаки мардуми Тунис дар интихоботи порлумонӣ
(last modified Mon, 19 Dec 2022 13:25:02 GMT )
Декабр 19, 2022 18:25 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими интихоботи порлумонии Тунис
    Таҳрими интихоботи порлумонии Тунис

Тақрибан аксарияти воҷидини ҳаққи раъй аз мушорикат дар интихоботи порлумонии Тунис худдорӣ варзиданд.

Ҳайати олии мустақили интихобот пас аз баста шудани ҳавзаҳои раъйгирӣ дар рӯзи шанбеи 17 декабр аз мушорикати танҳо ҳудуди 8 дарсадӣ хабар дод. Дар интихоботи порлумонии пешин дар соли 2019 ҳудуди 40 дарсад аз воҷидини шароит ширкат карда буданд.

Мушорикати андаки шаҳрвандони тунисӣ дар интихобот пас аз фарохон барои таҳрими он сурат гирифт ва ба ин тартиб аз ҳар даҳ раъйдиҳандаи воҷиди шароит ҳатто як нафар дар интихоботи порлумонии Тунис ширкат накард.

Ҳузури андаки шаҳрвандони тунисӣ дар интихобот аз қабл пешбинӣ шуда буд. 13 ҳизби мухолиф бо муттаҳам кардани Қайс Саид, раиси ҷумҳурии Тунис ба тазъифи демократия, хостори таҳрими интихобот шуда буданд. Оппозитсияи Тунис ин интихоботро як шикасти сангин хонд ва аз Қайс Саид, раиси ҷумҳурии Тунис хост, истеъфо диҳад. Мухолифони муттаҳид дар “Ҷабҳаи Наҷот” аз Саид хостанд, аз мақоми худ истеъфо диҳад. Наҷиб Чабби, раиси Ҷабҳаи Наҷот гуфт: «Он чӣ имрӯз рух дод, ба зилзила монанд аст. Аз ин лаҳза ба баъд мо Қайс Саидро раиси ҷумҳурии ғайриқонунӣ медонем ва хоҳони истеъфои ӯ пас аз ин шикаст ҳастем».

Давлати Тунис дар садади тавҷеҳи ин нокомии бузург баромадааст. Форуқ Буаскар, раиси ҳайати олии мустақили интихобот бо эътироф ба мушорикати андаки мардуми Тунис иддао кард, ки бар хилофи интихоботҳои қаблӣ кумаки молӣ аз хориҷ аз Тунис барои баргузории интихобот кам будааст. Вай дар айни ҳол муддаӣ шуд, ки ин интихоботе пок ва бидуни хариди раъй будааст.

Қайс Саид дар 25 январи 2021 дар иқдоме шабеҳи кудато зимоми умурро дар ин кишвари хурди Африқои Шимолӣ ба даст гирифт. Вай дар иқдоме ғайримунтазира порлумонро таълиқ ва раиси порлумони ин кишвар ва ҳамчунин нахуствазирро аз қудрат барканор кард ва худ контроли умурро ба даст гирифт. Баҳонаи ин ҳаракати раиси ҷумҳурии Тунис нокомии нахуствазиру давлати ин кишвар дар беҳбуди шароити иқтисодӣ ва бархурди муассир бо ҳамагирии вируси корона буд. Ин иқдом сабаби бурузи таниши сиёсии бузурге дар Тунис шуда ва метавон онро бузургтарин буҳрони сиёсии Тунис аз замони ҷумбиши мардумии соли 2011 донист. Саид ҳамчунин бо таъвизи комиссияи мустақили интихобот эълом кард, ки қонуни асосии ҷадидро дар авохири июли 2022 ба ҳамапурсӣ мегузорад. Ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосии Тунис дар 25 июл ва дар миёни норизоятӣ ва эътирозоти бисёре аз шаҳрвандону аҳзоби ин кишвар баргузор шуд. Гуруҳҳову аҳзоби сиёсии умдаи ин кишвар ин ҳамапурсиро таҳрим карда ва онро як раванди ғайриқонунӣ эълом карданд. Ба иддаои Шӯрои интихоботи Тунис, мизони мушорикат дар ҳамапурсии қонуни асосии ҷадиди Тунис 27. 5 дарсад эълом шуд, ки нишонгари адами мушорикат ва эътирози шаҳрвандони ин кишвар ба тасмими раиси ҷумҳурии Тунис буд.

Дар марҳилаи баъдӣ Қайс Саид тасмим ба ислоҳи қонуни интихоботи порлумонӣ гирифт. Вай дар баёнияе муддаӣ шуд, ки ин ислоҳ ба далели ҷилавгирӣ аз тахаллуфоту тавсияҳо барои интихоби аъзои порлумон ва ҳамчунин таваққуфи густариши "пулҳои фосид" анҷом мешавад. Миёнаҳои моҳи сентябр раиси ҷумҳурии Тунис фармони раёсати ҷумҳуриро дар бораи ислоҳи қонуни интихоботи соли 2014 содир кард. Дар қонуни интихоботи ҷадид теъдоди кулли курсиҳои порлумон аз маҷмӯи 217 курсӣ ба 161 курсӣ коҳиш ёфтааст, ки аз ин теъдод 151 курсӣ дохилӣ ва 10 курсӣ марбут ба ҳавзаҳои интихобияи хориҷ аз кишвар аст.

Бо ин ҳол мушорикати андаки мардуми Тунис дар интихоботи порлумонӣ нишон медиҳад, ки мардуми Тунис эътимоде ба раиси ҷумҳур ва шиорҳову ваъдаҳои ӯ надоранд. Қайс Саид пас аз тасоҳуби комили қудрат муддаӣ шуд, ки ислоҳоти ӯ барои ғалаба бар фасод, бунбасти сиёсӣ ва рукуди иқтисодӣ аст. Дар ибтидо, иқдомоти ӯ мавриди истиқболи бахше аз мардум қарор гирифт. Бо ин ҳол, идомаи талоши ӯ барои тамаркузи қудрат дар дастони худ ва аз миён бурдани ниҳодҳои қонунӣ ва маҳдуд кардани онҳо ва низ адами таҳаққуқи ваъдаҳои вай боиси коҳиши шадиди маҳбубияти ӯ шудааст. Ноумедӣ дар заминаи авзои иқтисодиву иҷтимоии Тунис муҷиб шуда то шумори зиёде аз ҷавонони тунисӣ барои ёфтани кору шуғле муносиб роҳии кишварҳои аврупоӣ шаванд.

Раиси ҷумҳурии Тунис низ бо вуҷуди шиорҳояш то кунун ҳеҷ роҳи ҳалле барои нобасомониҳои иқтисодӣ ва нархи болои бекорӣ ироа накардааст. Вазъияти зиндагии бахши қобили таваҷҷуҳе аз ҷамъияти Тунис дар солҳои ахир ба маротиб бадтар шудааст.

Тунис муддатҳост дучори буҳрони иқтисодӣ, ки бо ҳамагирии корона ва ҷанги Украина ташдид шудааст. Ин кишвари шимоли Африқо ба шиддат ба воридоти нафту ғаллот вобаста аст.