Декабр 21, 2022 10:30 Asia/Dushanbe
  • Месси рекорди тухмимурғро шикаст
    Месси рекорди тухмимурғро шикаст

Лионел Месси рекорди бештарин теъдоди лайк дар таърихи шабакаҳои иҷтимоъиро шикаст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон якшанбе шаб дар чорчуби дидори поёнии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар тими миллии Аргентина бо пирузи муқобили Фаронса дар зарбаҳои пиналти тавонист пас аз 36 сол қаҳрамони дунё ном гирад.

Лионел Месси, ки нақши муҳим дар қаҳрамонии Аргентина дошт пас аз ин мусобиқа акси қаҳрамонии худро бо ҷом дар инистаграм пуст кард то ин мавзуъ мавриди таваҷҷуҳи корбарон қарор гирад.

Пусти Лионел Месси дар инистаграм то кунун аз 61 миллиону 900 ҳазор лайк хурда то ин пуст рекорди таърихии шабакаҳои иҷтимоъиро иваз кунад.

Пеш аз ин тасвири як тухмимурғ бештарин лайкро дар таърихи инистаграм дошт.

Месси тавонист рекорди лайки тухмимурғи маъруфи инистаграмро бишканад вале мизони лайки ин пуст аз бештарин лайк дар таърихе, ки ба Тиктокер маъруф бо 60 миллиону 300 ҳазор буд гузашт то рекорди бештарин лайк дар таърихро бишканад.

 

Барчасп