Декабр 24, 2022 12:55 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоии AFC аз инқилоб дар футболи бошгоҳии Осиё/ Лигаи қаҳрамонон расман таътил шуд

Инқилоби бузурги Конфедерасиюни футболи Осиё дар сатҳи бошгоҳӣ саранҷом рӯнамоӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Конфедерасиюни футболи Осиё формати ҷадиди мусобиқот дар сатҳи бошгоҳии футболи қорраи куҳанро эълом кард .
Тибқи эъломи AFC формати ҷадиди мусобиқоти бошгоҳии футболи Осиё аз соли 2024 - 2025 дар 3 сатҳи мутафовит бо ҳузури 76 бошгоҳ баргузор хоҳад шуд . 3 турнаменти ҷадиди AFC барои футболи бошгоҳии Осиё ба шарҳи зер аст :
1 - сатҳи як : бо ҳузури 24 тим ( 12 тим аз ғарби Осиё ва 12 тим аз шарқи Осиё )
2 - сатҳи ду : бо ҳузури 32 тим дар 8 гуруҳи 4 тимӣ ба рақобат мепардозанд
3 - сатҳи сеюм : бо ҳузури 20 тим дар 5 гуруҳи 4 тимӣ бо ҳам рақобат мекунанд
Бад-ин тартиб дар формати ҷадиди Лигаи қаҳрамонони Осиё ва AFC коп дигар баргузор нахоҳад шуд ва ин 3 турнамент ҷойгузини ин ду турнамент хоҳад шуд .
Лигаи қаҳрамонони Осиё аз соли 2009 оғоз шуда буд, ки бад-ӣн тартиб аз соли 2024 дигар бо ин ном баргузор нахоҳад шуд .

 

Барчасп